Главная / Ҷамъият / Тағйир додани мўҳлати пардохти андозҳо

Тағйир додани мўҳлати пардохти андозҳо

Моддаи 70-и Кодекси Андоз. Тағйир додани мўҳлати пардохти андозҳо

  1. Таҳти мафҳуми тағйир додани мўҳлати иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда гузаронидани мўҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ба мўҳлати нисбатан дертар дониста мешавад.
  2. Тағйир додани мўҳлати иҷрои ўҳдадории андоз нисбат ба андозҳои дар манбаи пардохт ситонидашаванда ва андози иҷтимоӣ роҳ дода намешавад.
  3. Ҳуқуқи иҷрои ўҳдадории андоз аз рўи мўҳлатҳои тағйирдодашуда набояд ба шахси дигар гузашт карда шавад.
  4. Батаъхиргузорӣ андозсупорандаро аз ҷавобгарӣ дар шакли ҳисоб кардани фоизҳо аз рўи маблағҳои ба таъхир гузошташудаи маблағи андозҳо озод мекунад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)
  5. Дар давраи батаъхиргузорӣ ҷараёни мўҳлатҳои даъвои ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ мегардад.
  6. Маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки пардохти онҳо ба таъхир гузошта шудааст, то ба охир расидани давраи батаъхиргузорӣ ҳамчун бақияпулӣ ба ҳисоб намеравад ва нисбат ба ин маблағҳо тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо татбиқ намегарданд.
  7. Пардохти маблағи ўҳдадориҳои андози батаъхиргузошташуда дар моҳе, ки баъд аз моҳи давраи батаъхиргузорӣ фаро мерасад, амалӣ гардонида мешавад. Пардохти маблағи ўҳдадориҳои андози батаъхиргузошташудаи андозсупоранда ўро аз ўҳдадории пардохт намудани андозҳои ҷорӣ озод намекунад.
  8. Батаъхиргузорӣ метавонад ба андозсупоранда ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин пешниҳод карда шавад:

– расидани зарар ба ин андозсупоранда дар натиҷаи офати табиӣ, садамаи техногенӣ ва дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир;

-аз ҷониби ин андозсупоранда анҷом додани фаъолияти ҷорикунонӣ ё инноватсионӣ, аз ҷумла ихтирои технологияҳои нав ё такмил додани технологияҳои истифодашаванда, кор карда баромадани намудҳои нави ашё ё мавод;

-сари вақт аз буҷет маблағгузорӣ нашудани ин андозсупоранда ё сари вақт напардохтани маблағи фармоиши давлатӣ, ки аз ҷониби ин андозсупоранда иҷро шудааст.

  1. Батаъхиргузории такрории пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо бе пурра пўшонидани маблағҳои андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои қаблан батаъхиргузошташуда, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти асосҳои пешбининамудаи сархати якуми қисми 8 ҳамин модда, манъ аст.
  2. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ишора ба намуди андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки батаъхиргузорӣ нисбат ба онҳо татбиқ шудааст, маблағи онҳо, мўҳлати пардохти онҳоро дар бар гирад.
  3. Батаъхиргузорӣ пешниҳод карда намешавад, агар:

-нисбат ба андозсупоранда вобаста ба вайрон кардани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида бошад;

– бинобар сабаби аз ҷониби андозсупоранда содир гардидани вайронкунии қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистоннисбат ба вай оид ба ҳуқуқвайронкунии андоз ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  истеҳсолоти парванда пеш бурда шуда истода бошад;

– андозсупоранда ба рўйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шуда бошад;

-мавҷуд будани асоси кофие, ки дар ҳолати ҷой доштани ўҳдадории иҷронашудаи андоз андозсупоранда аз чунин тағйирот истифода бурда, маблағҳои пулии худ ва (ё) дигар молу мулкашро пинҳон менамояд.

  1. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои умумидавлатӣ бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  2. Қарор дар хусуси батаъхиргузорӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ бо пешниҳоди мақомоти дахлдори молия ва андози шаҳр (ноҳия) аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри (ноҳияи) дахлдор қабул карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …