Главная / Чамъият / Тагйир додани мухлати пардохти андозхо

Тагйир додани мухлати пардохти андозхо

Моддаи 70-и Кодекси Андоз. Тагйир додани мухлати пардохти андозхо

  1. Тахти мафхуми тагйир додани мухлати ичрои ухдадорихои андоз оид ба пардохти андозхо, чаримахо ва фоизхо дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда гузаронидани мухлати мукаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пардохти андозхо, чаримахо ва фоизхо ба мухлати нисбатан дертар дониста мешавад.
  2. Тагйир додани мухлати ичрои ухдадории андоз нисбат ба андозхои дар манбаи пардохт ситонидашаванда ва андози ичтимои рох дода намешавад.
  3. Хукуки ичрои ухдадории андоз аз руи мухлатхои тагйирдодашуда набояд ба шахси дигар гузашт карда шавад.
  4. Батаъхиргузори андозсупорандаро аз чавобгари дар шакли хисоб кардани фоизхо аз руи маблагхои ба таъхир гузошташудаи маблаги андозхо озод мекунад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1188)
  5. Дар давраи батаъхиргузори чараёни мухлатхои даъвои ситонидани андозхо, чаримахо ва фоизхо, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст, катъ мегардад.
  6. Маблаги андозхо, чаримахо ва фоизхое, ки пардохти онхо ба таъхир гузошта шудааст, то ба охир расидани давраи батаъхиргузори хамчун бакияпули ба хисоб намеравад ва нисбат ба ин маблагхо тадбирхои мачбуран ситонидани андозхо, чаримахо ва фоизхо татбик намегарданд.
  7. Пардохти маблаги ухдадорихои андози батаъхиргузошташуда дар мохе, ки баъд аз мохи давраи батаъхиргузори фаро мерасад, амали гардонида мешавад. Пардохти маблаги ухдадорихои андози батаъхиргузошташудаи андозсупоранда уро аз ухдадории пардохт намудани андозхои чори озод намекунад.
  8. Батаъхиргузори метавонад ба андозсупоранда хангоми мавчуд будани яке аз асосхои зерин пешниход карда шавад:

– расидани зарар ба ин андозсупоранда дар натичаи офати табии, садамаи техногени ва дигар холатхои таъсири куввахои рафънопазир;

-аз чониби ин андозсупоранда анчом додани фаъолияти чорикунони ё инноватсиони, аз чумла ихтирои технологияхои нав ё такмил додани технологияхои истифодашаванда, кор карда баромадани намудхои нави ашё ё мавод;

-сари вакт аз бучет маблаггузори нашудани ин андозсупоранда ё сари вакт напардохтани маблаги фармоиши давлати, ки аз чониби ин андозсупоранда ичро шудааст.

  1. Батаъхиргузории такрории пардохти андозхо, чаримахо ва фоизхо бе пурра пушонидани маблагхои андозхо, чаримахо ва фоизхои каблан батаъхиргузошташуда, ба истиснои холатхои мавчудияти асосхои пешбининамудаи сархати якуми кисми 8 хамин модда, манъ аст.
  2. Карор дар хусуси батаъхиргузори тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бояд ишора ба намуди андозхо, чаримахо ва фоизхое, ки батаъхиргузори нисбат ба онхо татбик шудааст, маблаги онхо, мухлати пардохти онхоро дар бар гирад.
  3. Батаъхиргузори пешниход карда намешавад, агар:

-нисбат ба андозсупоранда вобаста ба вайрон кардани конунгузории андози Чумхурии Точикистон парвандаи чинояти огоз гардида бошад;

– бинобар сабаби аз чониби андозсупоранда содир гардидани вайронкунии конунгузории андози Чумхурии Точикистоннисбат ба вай оид ба хукуквайронкунии андоз ё хукуквайронкунии маъмури  истехсолоти парванда пеш бурда шуда истода бошад;

– андозсупоранда ба руйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда шуда бошад;

-мавчуд будани асоси кофие, ки дар холати чой доштани ухдадории ичронашудаи андоз андозсупоранда аз чунин тагйирот истифода бурда, маблагхои пулии худ ва (ё) дигар молу мулкашро пинхон менамояд.

  1. Карор дар хусуси батаъхиргузори оид ба андозхои умумидавлати бо пешниходи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  2. Карор дар хусуси батаъхиргузори оид ба андозхои махалли бо пешниходи макомоти дахлдори молия ва андози шахр (нохия) аз чониби Мачлиси вакилони халки шахри (нохияи) дахлдор кабул карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …