Главная / Ҷамъият / Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 59-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣi. Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муқаррар намудани шахсияти шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда ва алоқамандии ӯ ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шарте ки тартиб додани он дар ҷойи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ғайриимкон бошад, таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда ва иҷрои қарори дар бораи парванда қабулгардида, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) ҳуқуқ доранд, дар доираи ваколати худ чораҳои зерини таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони воқеӣ татбиқ намоянд:

– овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– дастгиркунии маъмурӣ;

– маҷбуран овардан;

– азназаргузаронии шахсӣ ва воситаи нақлиёт, киштиҳои хурдҳаҷми обӣ, ҳуҷҷатҳо, бино ва молу мулк;

– гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо;

– дур намудан аз идора кардани воситаи нақлиёт ё киштиҳои хурдҳаҷми обӣ;

– муоина ва шаҳодаткунонии тиббӣ барои муайян намудани ҳолати мастӣ;

– боздошт намудани воситаи нақлиёт, киштии хурдҳаҷми обӣ, манъ кардани истифодаи онҳо;

– ҳабси мол, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулк;

– муваққатан манъ кардани фаъолият.

  1. Нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ мумкин аст чораҳои зерини таъминкунандаи  пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда шаванд:

– азназаргузаронии биною ҳудудҳо ва молу мулки ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта, воситаи нақлиёт, инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдор;

– гирифтани ҳуҷҷатҳо ва молу мулки ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта;

– боздошт намудани воситаи нақлиёт, киштии хурдҳаҷми обӣ, манъ кардани истифодаи онҳо;

– ҳабси мол, воситаи нақлиёт ва дигар молу мулк;

– муваққатан манъ кардани фаъолият.

  1. Зараре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи ғайриқонунӣ татбиқ намудани чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расонида шудааст, бояд тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …