Главная / Чамъият / Номгуи чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Номгуи чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 59-и Кодекси хукуквайронкунии маъмуриi. Номгуи чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Бо максади пешгирии хукуквайронкунии маъмури, мукаррар намудани шахсияти шахси хукуквайронкунии маъмури содирнамуда ва алокамандии у ба содир намудани хукуквайронкунии маъмури, тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури, ба шарте ки тартиб додани он дар чойи содиршавии хукуквайронкунии маъмури гайриимкон бошад, таъмини баррасии саривакти ва дурусти парванда ва ичрои карори дар бораи парванда кабулгардида, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) хукук доранд, дар доираи ваколати худ чорахои зерини таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро нисбати шахсони вокеи татбик намоянд:

– овардани шахсе, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, ба чойи тартибдихии протоколи хукуквайронкунии маъмури;

– дастгиркунии маъмури;

– мачбуран овардан;

– азназаргузаронии шахси ва воситаи наклиёт, киштихои хурдхачми оби, хуччатхо, бино ва молу мулк;

– гирифтани молу мулк ва хуччатхо;

– дур намудан аз идора кардани воситаи наклиёт ё киштихои хурдхачми оби;

– муоина ва шаходаткунонии тибби барои муайян намудани холати масти;

– боздошт намудани воситаи наклиёт, киштии хурдхачми оби, манъ кардани истифодаи онхо;

– хабси мол, воситаи наклиёт ва дигар молу мулк;

– муваккатан манъ кардани фаъолият.

  1. Нисбат ба шахсони хукуки мумкин аст чорахои зерини таъминкунандаи  пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури татбик карда шаванд:

– азназаргузаронии биною худудхо ва молу мулки ба шахси хукуки тааллукдошта, воситаи наклиёт, инчунин хуччатхои дахлдор;

– гирифтани хуччатхо ва молу мулки ба шахси хукуки тааллукдошта;

– боздошт намудани воситаи наклиёт, киштии хурдхачми оби, манъ кардани истифодаи онхо;

– хабси мол, воситаи наклиёт ва дигар молу мулк;

– муваккатан манъ кардани фаъолият.

  1. Зараре, ки ба шахсони вокеи ва хукуки дар натичаи гайриконуни татбик намудани чорахои таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури расонида шудааст, бояд тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон чуброн карда шавад.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …