Моддаи 48-и Қарори шаҳрсозӣ. Тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Бо тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаҳои асосӣ ва қарорҳои банақшагирӣ оид ба инҳо муайян карда мешавад:
– рушди таъминоти барқ, газ, соҳаи алоқа, обёрӣ, таъминоти об ва корез;
– рушди нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ, дарёӣ, қубургузар ва намудҳои дигари нақлиёт;
– ҳифзи ҳудуд аз равандҳои хатарноки геологӣ ва гидрогеологӣ;
– ҳифзи муҳити зист;
– ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии соҳаи иқтисодиёт;
– дигар масоили рушди ҳудуд.
2 . Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.