Главная / Ҷамъият / Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар

Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар

Моддаи 46-и Кодекси оила. Ситонидани маблағ аз молу мулки зану  шавҳар

 Аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулки кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки  умумии онҳо  талаб кунад.

  1. Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рӯи ӯҳдадориҳои умумии зану шавҳар,  инчунин он аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи ӯҳдадорӣ гирифтаи  зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд
  2. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1395)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …