Главная / Чамъият / Ситонидани маблаг аз молу мулки зану шавхар

Ситонидани маблаг аз молу мулки зану шавхар

Моддаи 46-и Кодекси оила. Ситонидани маблаг аз молу мулки зану  шавхар

 Аз руи ухдадорихои яке аз хамсарон маблаг танхо аз молу мулки ё зан ё шавхар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулки кредитор хак дорад чихати ситонидани карз чудо кардани хиссаи зан ё шавхари карздорро аз молу мулки  умумии онхо  талаб кунад.

  1. Ситонидани маблаг аз молу мулки умумии зану шавхар аз руи ухдадорихои умумии зану шавхар,  инчунин он аз руи ухдадорихои яке аз онхо сурат мегирад, агар суд мукаррар намояд, ки хамаи чизхои мувофики ухдадори гирифтаи  зан ё шавхар барои эхтиёчоти оила масраф шудаанд
  2. Агар бо хукми суд мукаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавхар аз хисоби маблаги бо рохи чиноят бадастовардаи зан ё шавхар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблаг мувофикан аз молу мулки умумии зану шавхар ё як кисми он ситонида мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1365)
  3. Масъулияти зану шавхар барои зараре, ки фарзандони ноболигашон расонидаанд, тавассути конунгузории граждании Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 24.02.17 с., №1395)

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …