Главная / Ҷамъият / Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда

Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда

Моддаи 319-и Кодекси Андоз. Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда

  1. Ба хароҷоти аз ҳисоби ҳиссаи маҳсулоти фоиданок анҷомдодашаванда (пўшонидашаванда), ки ба сармоягузор тааллуқ дорад ва аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ҷуброн намешавад, намудҳои зерини хароҷот (масрафҳо) дохил мешаванд:

-пардохти саҳм барои иштирок дар озмуни барномаҳои сармоягузорӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣаз рўи шартҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот»;

-барои гирифтани иттилооти геологӣ;

-аз рўи моддаҳои хароҷоте, ки барои онҳо созишнома оид ба тақсими маҳсулот маҳдудиятҳо муқаррар намудааст, дар қисми зиёдтар аз ин маҳдудиятҳо;

-аз рўи супоридани пардохтҳои ҳатмӣ барои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёдтар ифлос кардани муҳити зист;

-барои пардохти таҳвил ё содироти маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳиссаи маҳсулоти фоиданоки ба сармоягузор тааллуқдошта, бо дарназардошти хароҷот барои аз маҳалли тақсимот то маҳаллитаҳвил ё содирот бурдани ин маҳсулот, талафҳо ҳангоми боркашонӣ, хароҷот барои суғурта ҳангоми боркашонии маҳсулот то маҳалли таъинот, хароҷоти комиссионӣ ва хароҷоти дигар;

-барои маблағгузории тафтиши (аудити) фаъолияти молиявию хоҷагӣ, ки бо талаби саҳмдорони (муассисони) сармоягузор анҷом дода шудааст;

-бинобар аз ҷониби сармоягузор иҷро накардан ё дар сатҳи дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳо, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар кардааст, бо дарназардошти ўҳдадориҳои мутобиқи қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинишуда, инчунин хароҷот барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои пардохти арзиши экскурсияҳо ва сайёҳатҳо, аз ҷумла бо роҳхатҳо;

-додани мукофотпулӣ (фоизҳо) барои қарз (заём) ва истифодаи маблағҳои заём, инчунин пардохтҳои комиссионӣ ва дигар хароҷоте, ки бо ҷалб ва истифода намудани маблағҳои заём алоқаманд мебошанд, зиёда аз меъёри ЛИБОР бо ҷамъ намудани маржа, ки бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон, маржа наметавонад аз меъёри ЛИБОР зиёд бошад;

-зарари (хароҷоти) расонидашуда (анҷомдодашуда) дар натиҷаи садамаҳое, ки бо айби сармоягузор бинобар риоя накардани технология ва (ё) техникаи бехатарӣ рўй додаанд;

-хароҷот барои суғуртаи ихтиёрии кормандон;

-хароҷоти вобаста ба тафтишоти судӣ;

-ҷарима ва пиняҳое (фоизҳое), ки мақомоти давлатӣ аз сармоягузор мегиранд;

-хароҷоти пардохти масрафҳо барои истифодаи шахсии кормандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст;

-андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии мутобиқи ҳамин боб пардохтшуда;

-тамоми хароҷоте, ки бевосита ба фаъолият аз рўи созишнома оид ба тақсими маҳсулот тааллуқ надорад, бо дарназардошти арзиши молу мулки додашуда, корҳои иҷрошуда, хизматрасониҳои аз ҷониби сармоягузор (аз ҳисоби сармоягузор) ройгон (хайрия) расонидашуда.

  1. Хароҷоте, ки дар сархатҳои сеюм ва чорумиқисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар доираи маҳдудиятҳо ва меъёрҳои муқарраршуда ба таркиби хароҷоти ҷуброншаванда дохил карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …