Главная / Ҷамъият / Хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок

Хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок

Моддаи 3132.-и Кодекси Андоз. Хусусиятҳои андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок

  1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок – иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок (минбаъд – иштирокчиёни касбӣ), эмитентҳо ва сармоягузорон, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок иштирок мекунанд, татбиқ карда мешаванд.
  2.  Ба фаъолияти иштирокчиёни касбӣ дохил мешаванд: 

– фаъолияти брокерӣ;

– фаъолияти дилерӣ;

– фаъолият оид ба идораи портфели коғазҳои қиматнок;

– фаъолият оид ба муайян кардани уҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок;

– фаъолият оид ба пешбурди феҳристи дорандагони коғазҳои қиматнок;

– фаъолияти маҳфуздорӣ;

– фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок.

  1. Иштирокчиёни касбӣ, ки фаъолияти дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршударо амалӣ менамоянд, зимни амалисозии чунин фаъолият аз пардохти андозҳои зерин  ба муҳлати 5 сол озод карда мешаванд:

–  андоз аз фоида;

–  андоз аз арзиши иловашуда.

  1. Эмитентҳо – шахсони ҳуқуқии резидент ва ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматноки онҳо дар биржаҳои фондии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дар муомилот мебошанд, вобаста ба даромади аз чунин фаъолият бадастоварда ба муҳлати 5 сол аз пардохти андоз  аз  фоида  (андози низоми соддакардашуда) озод карда мешаванд.
  2. Сармоягузорон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент ва ғайрирезидент мебошанд ва аз муомилот бо коғазҳои қиматнок дар биржаи фондии Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, вобаста ба чунин даромад ба муҳлати 5 сол аз пардохти андозҳои зерин озод  карда мешаванд:

– андози даромад аз  афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок;

– андоз  аз  суди  саҳмияҳо.

  1. Бо мақсади амалисозии назорати имтиёзҳои додашаванда, ворид намудани шахсони дар қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур зикргардида ба қайди махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва асосҳои соҳибшудан ба имтиёзҳои андозӣ аз ҷонибионҳо, биржаи фондӣ сари вақт ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ба қайдгирӣ маълумоти асоснокро пешниҳод менамояд. Имтиёзҳои дар моддаи мазкур номбаршуда танҳо пас аз қайди  зикргардида ва пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор истифода мегарданд.
  2. Дар сурати аз ҷониби эмитентҳо ва сармоягузорон ба анҷом расонидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок, чунин амалиёт бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ мешавад.
  3. Барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботии андоз, инчунин муҳлати даъво ба муҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур тамдид  карда мешавад.
  4. Дастурамал оид ба андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шакли эъломияҳо (ҳисобот ва маълумотҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1245)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …