Главная / Ҷамъият / Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ

Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ

Моддаи 308-и Кодекси Меҳнат. Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ

  1. Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, ҳайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъйиншавандаро тарафҳо муаяйн мекунанд, ки он бо санади корфармо ба расмият дароварда мешавад.
  2. Лоиҳаи шартномаи коллективӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилдодашуда аз тарафи маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.
  3. Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатии ташкилот бо протокол (қарор) намояндаи худро уҳдадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективӣ бандад (имзо кунад).
  4. Намояндаи кормандон ҳуқуқ дорад, ки бо тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективӣ муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективӣ, ки аз номи коллективи меҳнатӣ баста шудааст, музокирот намояд. Замима ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаи коллективӣ буда, баробари он эътибори ҳуқуқӣ дорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …