Главная / Чамъият / Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи

Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи

Моддаи 308-и Кодекси Мехнат. Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи

  1. Тартиб ва мухлати бастани шартномаи коллективи, хайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъйиншавандаро тарафхо муаяйн мекунанд, ки он бо санади корфармо ба расмият дароварда мешавад.
  2. Лоихаи шартномаи коллективи бояд ба таври хатми дар коллективхои мехнати мухокима карда шавад. Лоихаи такмилдодашуда аз тарафи мачлиси умумии (конференсияи) коллективи мехнати тасдик карда мешавад.
  3. Мачлиси умумии (конференсияи) коллективи мехнатии ташкилот бо протокол (карор) намояндаи худро ухдадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективи бандад (имзо кунад).
  4. Намояндаи кормандон хукук дорад, ки бо тартиб ва шартхои барои бастани шартномаи коллективи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективи, ки аз номи коллективи мехнати баста шудааст, музокирот намояд. Замима чузъи чудонашавандаи шартномаи коллективи буда, баробари он эътибори хукуки дорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …