Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз

Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз

Моддаи 300-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз

  1. Объекти андозбандии андози ягона қитъаи замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба истиснои заминҳои аз андози ягона озод.
  2. Манбаи андоз масоҳати қитъаи замини ҷудокардашуда (истифодашаванда) мебошад.
  3. Ӯҳдадории андоз оид ба андози ягона аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ надошта, дар шакли пардохт барои масоҳати заминивобасташуда муқаррар карда мешавад.
  4. Даромади умумии супорандаи андози ягона барои соли тақвимии гузашта дар асоси усули кассавӣ бо ҳамон тартиби барои супорандагони андози низоми соддакардашуда муқарраршуда муайян карда мешавад.
  5. Ҳангоми гузариш аз андози ягона ба низоми умумии андозбандӣ ва гузариши баръакси он қоидаҳои гузариш барои супорандагони андози низоми соддакардашудае, ки дар моддаи 297 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, истифода бурда мешаванд.
  6. Супорандагони андози ягона, ки оид ба навъҳои алоҳидаи даромадҳо ва фаъолият низомҳои дигари андозро истифода мекунанд, ҳисоби даромадҳо ва хароҷотро дар асоси чунин низомҳои андозбандӣ алоҳида пеш мебаранд.
  7. Андозсупорандагон ўҳдадоранд баҳисобгирии андозии худро, ки барои ҳисоб намудани даромади умумӣ дар соли тақвимӣ зарур аст, дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ пеш баранд. Андозсупорандагон метавонанд баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотро барои мақсадҳои андозбандӣ дар китоби даромадҳо ва хароҷоти субъектҳои соҳибкории хурд – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки шакл ва тартиби пур кардани он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд, пеш баранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …