Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 292-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

  1. Объекти андозбандии андози низоми соддакардашуда даромади умумӣ, аз ҷумла даромад аз таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, инчунин даромади дигари бадастомада мебошад, ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда шудаанд.
  2. Даромади умумии супорандаи андози низоми соддакардашуда бо усули кассавӣ муайян карда мешавад.
  3. Даромади умумии дар давраи ҳисоботӣ бадастовардаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияти худро тавассути филиал ва (ё) намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, дар асоси даромадҳои он, ки аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, муайян карда мешавад.
  4. Барои мақсадҳои ҳамин боб санаи гирифтани даромади андозсупоранда рўзи ворид гардидани маблағ ба суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ва (ё) хазина (касса), гирифтани дигар молу мулк (корҳо, хизматрасониҳо) ва (ё) ҳуқуқи молумулкӣ, инчунин пардохти маблағ ба андозсупоранда ба тариқи дигар (усули кассавӣ) эътироф карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …