Главная / Ҷамъият / Муқаррароти умумӣ

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 283-и Кодекси Андоз. Муқаррароти умумӣ

  1. Низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи патент амалӣ менамоянд, низоми махсуси андозбандӣ мебошад, ки дар асоси он соҳибони патент ўҳдадоранд андозҳои муқаррарнамударо ба андозаи устувор новобаста ба даромади бадастомада пардохт намоянд.Андозбандии даромадҳои шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро тибқи шаҳодатнома амалӣ менамоянд, дар асоси низомҳои андозбандии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ гардонида мешавад.
  2. Даромади шахси воқеие, ки дар амал фаъолияти соҳибкориро анҷом дода, аз қайди давлатӣ нагузаштааст, мутобиқи фасли мазкур андозбандӣ мегардад.
  3. Истифода бурдани низоми махсуси андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин бобнисбат ба соҳибкорони инфиродӣ манъ аст, агар чунин истифодабарӣ асосан барои кам намудани ўҳдадориҳои андози соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) шахсони истифодабарандаи хизматрасонии онҳо равона карда шуда бошад, аз ҷумла:

– агар соҳибкори инфиродии тибқи патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда асосан ба як шахс хизмат расонад ва (ё) даромадҳоро аз як манбаъ гирад ва (ё) аз ҷониби ў иҷро намудани нишонаҳои  шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошад;

– агар интихоби таҳвилкунандаи молҳо, иҷрокунандаи кор ва ё хизматрасонӣ асосан ба истифодабарии низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб вобаста бошад.

  1. Андозбандии даромадҳои фаъолияти соҳибкории инфиродии шахсони воқеӣ – ғайрирезидентон мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти меъёри андоз аз даромади муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 103 ва дигар муқаррароти Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.

 

  • 2. Андозбандии соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …