Главная / Ҷамъият / Имтиёзҳо оид ба андози замин

Имтиёзҳо оид ба андози замин

Моддаи 274-и Кодекси Андоз. Имтиёзҳо оид ба андози замин

  1. Аз андози замин инҳо озод мебошанд:

– ҳудуди мамнўъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ мутобиқи номгўи чунин ташкилотҳо ва масоҳати ҳудудҳоионҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

-заминҳое, ки муассисаҳои давлатӣ барои татбиқи мақсад, вазифа ва амалҳои дар ҳуҷҷатҳои таъсисии чунин муассисаҳо дарҷгардида, истифода мебаранд, ба истиснои заминҳое, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ дода (истифода) шудаанд;

– замини ташкилотҳое, ки дар онҳо биноҳои истифодабарандаи онҳо воқеъ гардида, аз ҷониби давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ҳифз карда мешаванд, тибқи номгўи ташкилотҳо ва мутобиқи  андозаи замине, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

– заминҳои барои истифода гирифташуда, ки мутобиқи хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) эътироф шудаанд ва заминҳое, ки дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ мебошанд дар давоми 5 сол баъди  гирифтани (оғози азхудкунии) чунин заминҳо;

-заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тўли сарҳади давлатӣ қарор дошта ба мақсадҳоидигар истифода намешаванд;

-заминҳои истифодаи умумии маҳалҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои коммуналӣ, аз ҷумла ташкилотҳои динӣ, қабристонҳо, агар дар чунин заминҳо фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода нашавад;

-заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярчҳо, дарёҳо ва кўлҳо воқеъ мебошанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;

-заминҳои ташкилотҳое, ки на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳоро маъюбон ташкил медиҳанд;

-заминҳои таҳти роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳи оҳан, инчунин заминҳои таҳти объектҳои давлатии интиқоли барқ, обтаъминкунӣ ва иншооти обиидавлатӣ қарордошта, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;

-заминҳое, ки барои таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷойгиркунии онҳо ва масоҳати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;

-як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замине, ки барои сохтмони манзил ба ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо гардидаанд;

– қитъаҳои замини наздиҳавлигие, ки ба муҳоҷирони аз дигар ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти доимӣ ба ноҳияҳои муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омада ҷудо карда шудаанд, дар давоми 3 сол баъд аз ҷудо намудани чунин заминҳо;

-қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва духтурони дар муассисаҳои тиббии деҳот коркунанда ҷудо кардашудаанд, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;

-заминҳое, ки бевосита барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии самтҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал тибқи масоҳати замин ва мутобиқи номгўи истифодабарандагони замин, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян менамояд, истифода мегарданд;

-қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил дар ҳолати мавҷуд набудани аъзои  оилаи қобили меҳнат ба ҳамаи гурўҳи маъюбони бекор ҷудо карда шудаанд;

– замини чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва дигар заминҳои қаблан дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашаванда, ки  барои бунёди боғҳо ва токзорҳо истифода мешаванд, – дар давоми 5 сол аз соли оғози бунёди ин боғҳо ва токзорҳо.

  1. Барои истифодаи имтиёзҳои андозии дар ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда ба мақоми андозимаҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин ҳуҷҷатҳои дахлдори муайянкунандаи ҳуқуқро пешниҳод менамояд.

 

  • 3. Муқаррароти вобаста ба андоз аз объектҳои ғайриманқул

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …