Главная / Ҷамъият / Кормандони хонакор

Кормандони хонакор

Моддаи 252-и Кодекси Меҳнат. Кормандони хонакор

  1. Шахсоне, ки бо корфармо оид ба иҷрои кор дар хона бо меҳнати шахсӣ бо истифода аз мавод, таҷҳизот, асбоб ва олотҳои худ ва ё бо олоту воситаҳои аз ҷониби корфармо ҷудокардашуда ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидорӣ шуда, барои иҷрои корҳо дар бинои шахсии худ ё ҷойи барои иҷрои кор мувофиқ шартномаи меҳнатӣ бастаанд, ҳамчун кормандони хонакор ҳисобида мешаванд.
  2. Иҷрои кори корманди хонакор мумкин аст ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар давоми муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда шавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …