Главная / Ҷамъият / Тартиби иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Тартиби иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Моддаи 240-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476) 

  1. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо роҳи расман супоридани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ба намояндаи расмии давлате, ки ин шахс ба ҳудуди он берун карда мешавад ё бо роҳи мустақилона аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани шахсе, ки мавриди бо роҳи маъмурӣ берун кардан қарор гирифтааст, анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Дар бораи бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлати хориҷӣ, ки бо роҳи маъмурӣ баровардани ин шахс ба ҳудуди он ё тавассути ҳудуди он сурат мегирад, огоҳ карда мешавад, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин давлат бо роҳи маъмурӣ берун кардан пешбинӣ гардида бошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаи давлати хориҷӣ супоридани шахсе, ки бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шавад, пешбинӣ нагардида бошад, дар ин ҳолат шахс дар маҳалли муайяннамудаи мақомоти ҳифзи сарҳад бо роҳи маъмурӣ берун карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Иҷрои қарори бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд дар шакли санади яктарафа ё дутарафа ба расмият дароварда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
  5. Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро то рӯзи бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардан дар ҷойҳои махсус нигоҳ доштан мумкин аст. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …