Главная / Чамъият / Тартиби ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

Тартиби ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

Моддаи 240-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

(КЧТ аз 02.01.18 с., №1476) 

  1. Ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд бо рохи расман супоридани шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд ба намояндаи расмии давлате, ки ин шахс ба худуди он берун карда мешавад ё бо рохи мустакилона аз худуди Чумхурии Точикистон баромада рафтани шахсе, ки мавриди бо рохи маъмури берун кардан карор гирифтааст, анчом дода мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  2. Дар бораи бо рохи маъмури берун кардани шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд аз гузаргоххои Сархади давлатии Чумхурии Точикистон макомоти давлати хоричи, ки бо рохи маъмури баровардани ин шахс ба худуди он ё тавассути худуди он сурат мегирад, огох карда мешавад, агар тибки шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон бо ин давлат бо рохи маъмури берун кардан пешбини гардида бошад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  3. Агар тибки шартномаи байналмилалии Чумхурии Точикистон ба намояндаи давлати хоричи супоридани шахсе, ки бояд аз худуди Чумхурии Точикистон берун карда шавад, пешбини нагардида бошад, дар ин холат шахс дар махалли муайяннамудаи макомоти хифзи сархад бо рохи маъмури берун карда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  4. Ичрои карори бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд дар шакли санади яктарафа ё дутарафа ба расмият дароварда мешавад. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
  5. Шахрванди хоричи ё шахси бешахрвандро то рузи бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардан дар чойхои махсус нигох доштан мумкин аст. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obuv

Пойафзол: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

Меърочиддини Камол менависад: ЧУ пойафзол мебини ба хобат, Машав харгиз ба дунё дар хичолат. Барор …