Главная / Ҷамъият / Иҷрои қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият

Иҷрои қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият

Моддаи 236-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Иҷрои қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият 

  1. Қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият баъди қабул гардидани чунин қарор иҷро карда мешавад.
  2. Ҳангоми боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият гузоштани мӯҳру сурғуч ба биною манзил, ҷои нигоҳдории мол ва дигар арзишҳои моддӣ, хазинаҳо, инчунин дигар тадбирҳо доир ба иҷрои чораҳои пешбининамудаи қарори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият, ки барои иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият зарур мебошанд, татбиқ карда мешаванд. Дар сурати ба таври маъмурӣ боздоштани намуди муайяни фаъолият ба татбиқи чораҳое роҳ дода намешавад, ки метавонанд боиси оқибатҳои барқарорнашаванда барои пешбурд, инчунин барои фаъолият ва нигоҳ доштани объектҳои таъминоти ҳаётӣ  гарданд.
  3. Агар муқаррар карда шавад, ки ҳолатҳои барои таъини ҷазои маъмурӣ дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият асосшуда бартараф гардидаанд, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар асоси дархости шаҳрванди бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.
  4. Баъди тадқиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) дар бораи қатъ кардани иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ё рад кардани қонеъгардонии дархост қарор қабул менамояд. Дар қарор дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ кардани боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият маълумоти пешбиникардаи моддаи 141 Кодекси мазкур, инчунин санаи аз нав ба фаъолият оғоз кардани шаҳрванди бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда ё шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, воҳидҳои сохторӣ, қитъаҳои истеҳсолии он, инчунин истифодаи таҷҳизот, объектҳо, бино ва иншоот, анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолият (кор ва хизматрасонӣ) нишон дода мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …