Главная / Чамъият / Ичрои карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият

Ичрои карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият

Моддаи 236-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ичрои карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият 

  1. Карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият баъди кабул гардидани чунин карор ичро карда мешавад.
  2. Хангоми боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият гузоштани мухру сургуч ба биною манзил, чои нигохдории мол ва дигар арзишхои модди, хазинахо, инчунин дигар тадбирхо доир ба ичрои чорахои пешбининамудаи карори боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият, ки барои ичрои чазои маъмури бо рохи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият зарур мебошанд, татбик карда мешаванд. Дар сурати ба таври маъмури боздоштани намуди муайяни фаъолият ба татбики чорахое рох дода намешавад, ки метавонанд боиси окибатхои баркарорнашаванда барои пешбурд, инчунин барои фаъолият ва нигох доштани объектхои таъминоти хаёти  гарданд.
  3. Агар мукаррар карда шавад, ки холатхои барои таъини чазои маъмури дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият асосшуда бартараф гардидаанд, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар асоси дархости шахрванди бе таъсиси шахси хукуки ба фаъолияти сохибкори машгулбуда пеш аз мухлат катъ мегардад.
  4. Баъди тадкики хуччатхои пешниходгардида макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) дар бораи катъ кардани ичрои чазои маъмури бо рохи боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ё рад кардани конеъгардонии дархост карор кабул менамояд. Дар карор дар бораи пеш аз мухлат катъ кардани боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият маълумоти пешбиникардаи моддаи 141 Кодекси мазкур, инчунин санаи аз нав ба фаъолият огоз кардани шахрванди бе таъсиси шахси хукуки ба фаъолияти сохибкори машгулбуда ё шахси хукуки, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтори, китъахои истехсолии он, инчунин истифодаи тачхизот, объектхо, бино ва иншоот, анчом додани намудхои алохидаи фаъолият (кор ва хизматрасони) нишон дода мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …