Главная / Ҷамъият / Ба ҳисоб гирифтани аксиз

Ба ҳисоб гирифтани аксиз

Моддаи 203-и Кодекси Андоз. Ба ҳисоб гирифтани аксиз

  1. Супорандаи аксиз ҳуқуқ дорад маблағи аксизи ба буҷет пардохтшавандаро ба маблағи аксизе, ки ҳангоми харид (гирифтан) ё ҳангоми воридоти молҳои зераксизӣ ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшудаанд, кам кунад, агар молҳои зикргардида ба сифати ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ истифода шуда бошанд.
  2. Супорандаи аксиз барои хизматрасониҳои зераксизӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар қисмати хизматрасониҳои интернетӣ ҳуқуқ дорад маблағи аксизи ҳангоми хариди (гирифтани) чунин хизматрасониҳо пардохтшударо бо усули мутаносибӣ кам кунад, агар хизматрасониҳои зикргардида аз ҷониби андозсупоранда барои хизматрасониҳои зераксизии алоқаи барқӣ истифода шуда бошанд.
  3. Мутобиқи қисми 1 ҳамин моддатарҳкунӣ ба маблағи аксизи ба миқдори ашёи хоми воқеан дар давраи андоз барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ истифодашуда, ки дар асоси меъёрҳои барориши маҳсулоти зераксизӣ аз ашёи хоми зераксизӣ ба амал бароварда мешавад.
  4. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда ҳангоми супоридани молҳои зераксизие, ки аз ашёи хоми зераксизии барои коркард додашуда истеҳсол шудаанд, ба шарти тасдиқи супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби ашёи хоми зераксизии барои коркард додашуда, татбиқ мегарданд.
  5. Аз ҷониби супорандагони аксиз ба ҳисоб гирифтани (ё мутобиқи моддаи 69 Кодекси мазкур баргардонидани) аксизе, ки барои молҳои зераксизии аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсадҳои тиббӣ, инчунин аз тарафи корхонаҳои фармасевтӣ ҳангоми истеҳсоли доруворӣ мувофиқи тартиб ва бо меъёри муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда супорида шудааст, иҷозат дода мешавад.
  6. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани аксиз мутобиқи ҳамин модда танҳо дар мавриди пешниҳод намудани ҳисобнома-фактура, ки супоридани аксизро ҳангоми харидани молҳои зераксизӣ (ашёи хом) тасдиқ менамояд ё ба шарте, ки супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (ашёи хоми) зераксизии барои коркард додашуда тасдиқ шавад, ё дар ҳолати воридоти ашёи хом ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор, иҷозат дода мешавад. Номгўи ҳуҷҷатҳоеро, ки супоридани аксизро тасдиқ мекунанд, мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
  7. Мутобиқи ҳамин модда ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани андоз нисбат ба маблағи аксизе ба амал бароварда мешавад, ки бо дарназардоштиҳаҷми (миқдори, арзиши) дар асл дар давраи андоз истифодашудаи молҳои (ашёи хоми) зераксизии барои истеҳсоли дигар молҳои зераксизӣ бо мақсадҳои тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, инчунин аз ҷониби корхонаҳои фармасевтӣ ҳангоми истеҳсоли дорувории тиббӣ харидашуда (додашуда) муайян шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …