Главная / Ҷамъият / Андозсупорандагон

Андозсупорандагон

Моддаи 195-и Кодекси Андоз. Андозсупорандагон

  1. Андозсупорандагон (супорандагони аксизҳо) шахсоне, аз ҷумлавоҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, ки амалиётҳои андозбандишавандаро анҷом медиҳанд.
  2. Супорандагони аксизҳо мутобиқи ҳамин боб инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷие мебошанд, ки амалиёти андозбандишавандаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
  3. Дар мавриди молҳои зераксизие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ашёи хоми таҳвилкардаи (ашёи хоми барои коркард додашудаи) фармоишгар истеҳсол мешаванд, супорандаи аксизҳо молистеҳсолкунандае мебошад, ки ўҳдадор аст ба фармоишгар молҳои зераксизии аз ашёи хоми он истеҳсолкардаашро (маҳсулоти тайёрро) бо нархи фурўше, ки мутобиқи Кодекси мазкур аксизро дар бар мегирад, супорад, чуноне ки ин ашёи хоми додашуда ашёи хоми молистеҳсолкунанда бошад.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …