Главная / Ҷамъият / Арзиши амалиёти андозбандишаванда

Арзиши амалиёти андозбандишаванда

Моддаи 166-и Кодекси Андоз. Арзиши амалиёти андозбандишаванда

  1. Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси маблағе (арзише, аз ҷумла дар шакли аслӣ (натуралӣ)), ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) дигар пардохтҳо, вале бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда, муайян мегардад.
  2. Агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда молҳо, корҳо ё хизматрасониҳоро дастрас намояд ё ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳоро (аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё дигар пардохтҳоро) дар бар мегирад, вале бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда.
  3. Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ҳеҷ сарвате нагирад ё ҳуқуқи гирифтанро надошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба арзиши бозории молҳои таҳвилшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматҳои расонидаи андозсупоранда дар рафти чунин амалиёти андозбандишаванда (аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва дигар пардохтҳо) баробар аст, вале бидуни андоз аз арзиши иловашуда.
  4. Дар сурати бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истеъмол ё истифода бурдани молҳо (корҳо ё хизматрасониҳо) тибқи қисми 3 моддаи 164 Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо) ба ҳама гуна шахсон, инчунин кормандони худ мувофиқи қисми 4 моддаи 164 Кодекси мазкур, арзиши амалиёти андозбандишаванда ба нархи бозории ин молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо (аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва дигар пардохтҳо)баробар аст, вале бидуни андоз аз арзиши иловашуда.
  5. Ҳангоми таҳвили мол бо шарти пардохти ба мўҳлатҳо ҷудошуда арзиши амалиёти андозбандишаванда мутобиқи қисми 1 ҳамин моддабо дарназардошти тамоми маблағҳои пардохтшаванда мувофиқи ҷадвали пардохти ба мўҳлатҳо ҷудошуда, ки дар шартнома муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.
  6. Ҳангоми фурўши (бегона кардани) молу мулки ба гарав гузошташуда арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда бо дарназардошти арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташудаи фурўхташаванда (бегонашаванда) бидуни илова намудани андоз аз арзиши иловашуда ба арзиши молу мулки (молҳои) ба гарав гузошташуда муайян мегардад.
  7. Арзиши амалиёти андозбандишавандаи молҳои воридшуда наметавонад аз арзиши воридоти андозбандишаванда кам бошад. Ҳангоми вуҷуд доштани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқияти манфӣ барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …