Главная / Ҷамъият / Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ

Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 15-и Кодекси Меҳнат. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ

  1. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо аз номи шахси ҳуқуқии хориҷии мазкур бошад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манфиати кормандон ва корфармоёнро дар доираи ваколаташон, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади судӣ, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё ваколатнома пешбинӣ шудааст, ҳимоя менамоянд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …