Главная / Ҷамъият / Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот

Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот

Моддаи 140-и Кодекси Андоз. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот

  1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, бо дарназардошти талаботи моддаи 48 Кодекси мазкур даромади (фоидаи) андозбандишаванда бо ислоҳоти зарурӣ барои риояи муқаррароти Кодекси мазкур бояд тибқи ҳамон усули баҳисобгирие ҳисоб карда шавад, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ истифода мебарад.
  2. Вобаста ба низоми андозбандии истифодашаванда андозсупоранда метавонад бо мақсади андозбандӣ баҳисобгириро тибқи усули кассавӣ ё тибқи усули ҳисобу замкунӣ ба роҳ монад, ба шарте ки, агар андозсупоранда дар давоми соли тақвимӣ ҳамон як усулро истифода барад.
  3. Дар сурати тағйир ёфтани усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, тағйирёбӣ дар баҳисобгирии даромад, хароҷот ва дигар унсурҳое, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир додани усули баҳисобгирӣ дохил карда шаванд, то ки ҳеҷ яке аз ин унсурҳо сарфи назар нагардад ё дубора ба ҳисоб гирифта нашавад.
  4. Нисбат ба супорандагони андоз аз арзиши иловашуда даромаду хароҷот бе андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбат ба он ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …