Главная / Ҷамъият / Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент

Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент

Моддаи 102-и Кодекси оила. Тартиби  бастан,  иҷро намудан, тағйир  додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент 

  1. Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ тавассути онҳо танзим мегарданд.
  2. Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
  3. Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои он мумкин нест.
  4. Дар сурати ҷиддӣ тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …