Главная / Чамъият / Тартиби бастан, ичро намудан, тагйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент

Тартиби бастан, ичро намудан, тагйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент

Моддаи 102-и Кодекси оила. Тартиби  бастан,  ичро намудан, тагйир  додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент 

  1. Бастан, ичро намудан, тагйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз руи меъёрхои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон сурат мегирад, ки бастан, ичро намудан, тагйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани ахдхои гражданию хукуки тавассути онхо танзим мегарданд.
  2. Созишномаи пардохти алимент хар гох бо мувофикаи тарафхо тагйир дода ё бекор шуда метавонад. Тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба хамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
  3. Якчониба ичро накардани созишномаи пардохти алимент ё якчониба тагйир додани шартхои он мумкин нест.
  4. Дар сурати чидди тагйир ёфтани вазъи модди ё оилавии тарафхо ва хангоми тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофика нарасидани тарафхо тарафи манфиатдор хукук дорад дар хусуси тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниход кунад. Хангоми баррасии масъалаи тагйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд хукук дорад хама гуна манфиати кобили таваччухи тарафхоро ба инобат гирад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …