Главная / Ҷамъият / Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз

Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз

Моддаи 51-и Кодекси Андоз. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз

  1. Ҳисоботи андозро андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи он дар шакли коғазӣ ё электронӣ бо забони давлатӣ тибқи тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, тартиб медиҳад.
  2. Бо Кодекси мазкур ҳолатҳое пешбинӣ мешаванд, ки таҳияи ҳисоботи андоз ба зиммаи агенти андоз, мақомоти андоз ва (ё) дигар мақомоти ваколатдор, ки дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, вогузор карда мешавад.
  3. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ (бо ё бе пешниҳод намудани ҳисоботи мазкур дар шакли коғазӣ) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
  4. Ҳисоботи андоз, ки дар шакли коғазӣ тартиб дода шудааст, бояд аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай имзо карда шавад, инчунин бо мўҳри андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мўҳр бо номи худаш мебошад, тасдиқ карда шавад.
  5. Ҳисоботи андози дар шакли электронӣ тартибдодашуда бояд бо имзои электронии андозсупоранда (агенти андоз) тасдиқ карда шавад.
  6. Намояндаи андозсупоранда ё агенти андоз, ки оид ба таҳияи ҳисоботи андоз дар шакли коғазӣ хизмат мерасонад, ўҳдадор аст онро имзо карда, мўҳр гузорад ва рақами мушаххаси андозсупорандаи худро дарҷ намояд. Агар ҳисоботи андозро беш аз як нафар намояндаи андозсупоранда тартиб диҳанд, онро танҳо намояндаи асосӣ имзо менамояд.
  7. Ҳангоми тартиб додани ҳисоботи андоз аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай, ҷавобгарӣ барои дурустии маълумоти дар ҳисоботи андоз зикрёфта ба зиммаи андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай гузошта мешавад.
  8. Ҳисоботи андоз ба мақомоти дахлдори андоз тибқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
  9. Ҳисоботи андоз ба намудҳои зерин тақсим мешавад:

-ҳисоботи аввалия – ҳисоботи андозе мебошад, ки аз ҷониби шахс барои давраи ба ҳисоб  гузошта шудани андозсупоранда ва (ё) аввалин маротиба ба миён омадани ўҳдадории андоз аз рўи намудҳои алоҳидаи андоз, ки шахси мазкур андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад, пешниҳод карда мешавад;

-ҳисоботи навбатӣ – ҳисоботе  мебошад, ки аз ҷониби шахс барои давраҳои андозе, ки баъд аз давраи андозе фаро мерасад, ки дар он андозсупоранда ба ҳисоб  гузошта шудааст ва (ё) аввалин маротиба ўҳдадории андоз аз рўи намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин аз рўи натиҷаҳои давраи андоз – дар ҳолати хориҷ шудани объектҳои андозбандӣ ба миён омадааст, пешниҳод карда мешавад;

-ҳисоботи иловагӣ – ҳисоботе мебошад, ки аз ҷониби шахс ҳангоми ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ҳисоботи андози қаблан пешниҳодкардааш барои давраи андозе пешниҳод карда мешавад, ки ин тағйирот ва (ё) иловаҳо аз рўи намудҳои андозҳое, ки шахси мазкур андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, ба он дахл дорад;

-ҳисоботи барҳамдиҳӣ – ҳисоботе мебошад, ки аз ҷониби шахс ҳангоми барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии фаъолияти андозсупоранда аз рўи намудҳои андозе, ки шахси мазкур андозсупоранда (агенти андоз)  мебошад, инчунин ҳангоми бекор кардани бақайдгирӣ барои андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод карда мешавад.

  1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур андозсупорандагоне, ки намудҳои фаъолиятеро амалӣ менамоянд, ки барои онҳо шартҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар шудааст, ҳисоботи андозро барои ҳар намуди фаъолияташон алоҳида тартиб медиҳанд.
  2. Ҳангоми нисбат ба андозсупоранда татбиқ гардидани низомҳои гуногуни андозбандӣ, ҳисоботи андоз дар шакл ва мўҳлатҳое пешниҳод карда мешавад, ки барои ҳамин низомҳои андозбандӣ муқаррар шудаанд.
  3. Андозсупорандагон (агентҳои андоз) ҳуқуқ доранд ҳисоботи андозро бо интихоби худ ба тариқи зайл пешниҳод намоянд:

-бо тартиби шахсан ҳозир шудан ё ба воситаи намоянда;

-тавассути почта бо фиристодани мактуби фармоишӣ бо огоҳинома;

-дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ, ки барои коркарди компютерии маълумот имконият медиҳад.

  1. Муқаррароти сархати дуюми қисми 12 ҳамин модданисбат ба шахсони зерин татбиқ намешаванд:

-андозсупорандагоне, ки назорати фаъолияти онҳоро нозироти андози андозсупорандагони калон амалӣ менамояд;

-соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патентфаъолият менамоянд.

  1. Дар ҳолати бо тартиби шахсан ҳозир шудан ва дар шакли коғазӣ пешниҳод намудани ҳисоботи андоз, он дар ду нусха пешниҳод карда мешавад. Як нусхаи ҳисоботи андоз бо қайди мақомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) баргардонида мешавад.
  2. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ (воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ) фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, дар ин ҳолат шахсони дар боло зикргардида ба мақомоти андоз мутобиқи талаботи Кодекси мазкур, новобаста ба фаъолияти анҷомдодашаванда, эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд.
  3. Ҳисоботи андоз бе назорати пешакии камералӣ қабул карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …