Главная / Чамъият / Тартиби тахия ва пешниходи хисоботи андоз

Тартиби тахия ва пешниходи хисоботи андоз

Моддаи 51-и Кодекси Андоз. Тартиби тахия ва пешниходи хисоботи андоз

  1. Хисоботи андозро андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи он дар шакли когази ё электрони бо забони давлати тибки тартиб ва шаклхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, тартиб медихад.
  2. Бо Кодекси мазкур холатхое пешбини мешаванд, ки тахияи хисоботи андоз ба зиммаи агенти андоз, макомоти андоз ва (ё) дигар макомоти ваколатдор, ки дар муносибатхои андози иштирок менамоянд, вогузор карда мешавад.
  3. Тартиби пешниходи хисоботи андоз дар шакли электрони (бо ё бе пешниход намудани хисоботи мазкур дар шакли когази) аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.
  4. Хисоботи андоз, ки дар шакли когази тартиб дода шудааст, бояд аз чониби андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай имзо карда шавад, инчунин бо мухри андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай, ки дар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дорои мухр бо номи худаш мебошад, тасдик карда шавад.
  5. Хисоботи андози дар шакли электрони тартибдодашуда бояд бо имзои электронии андозсупоранда (агенти андоз) тасдик карда шавад.
  6. Намояндаи андозсупоранда ё агенти андоз, ки оид ба тахияи хисоботи андоз дар шакли когази хизмат мерасонад, ухдадор аст онро имзо карда, мухр гузорад ва раками мушаххаси андозсупорандаи худро дарч намояд. Агар хисоботи андозро беш аз як нафар намояндаи андозсупоранда тартиб диханд, онро танхо намояндаи асоси имзо менамояд.
  7. Хангоми тартиб додани хисоботи андоз аз чониби андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай, чавобгари барои дурустии маълумоти дар хисоботи андоз зикрёфта ба зиммаи андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи вай гузошта мешавад.
  8. Хисоботи андоз ба макомоти дахлдори андоз тибки тартиб ва мухлатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниход карда мешавад.
  9. Хисоботи андоз ба намудхои зерин таксим мешавад:

-хисоботи аввалия – хисоботи андозе мебошад, ки аз чониби шахс барои давраи ба хисоб  гузошта шудани андозсупоранда ва (ё) аввалин маротиба ба миён омадани ухдадории андоз аз руи намудхои алохидаи андоз, ки шахси мазкур андозсупорандаи (агенти андози) онхо мебошад, пешниход карда мешавад;

-хисоботи навбати – хисоботе  мебошад, ки аз чониби шахс барои даврахои андозе, ки баъд аз давраи андозе фаро мерасад, ки дар он андозсупоранда ба хисоб  гузошта шудааст ва (ё) аввалин маротиба ухдадории андоз аз руи намудхои алохидаи андоз, инчунин аз руи натичахои давраи андоз – дар холати хорич шудани объектхои андозбанди ба миён омадааст, пешниход карда мешавад;

-хисоботи иловаги – хисоботе мебошад, ки аз чониби шахс хангоми ворид намудани тагйирот ва (ё) иловахо ба хисоботи андози каблан пешниходкардааш барои давраи андозе пешниход карда мешавад, ки ин тагйирот ва (ё) иловахо аз руи намудхои андозхое, ки шахси мазкур андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, ба он дахл дорад;

-хисоботи бархамдихи – хисоботе мебошад, ки аз чониби шахс хангоми бархамдихи ё азнавташкилдихии фаъолияти андозсупоранда аз руи намудхои андозе, ки шахси мазкур андозсупоранда (агенти андоз)  мебошад, инчунин хангоми бекор кардани бакайдгири барои андоз аз арзиши иловашуда пешниход карда мешавад.

  1. Дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур андозсупорандагоне, ки намудхои фаъолиятеро амали менамоянд, ки барои онхо шартхои гуногуни андозбанди мукаррар шудааст, хисоботи андозро барои хар намуди фаъолияташон алохида тартиб медиханд.
  2. Хангоми нисбат ба андозсупоранда татбик гардидани низомхои гуногуни андозбанди, хисоботи андоз дар шакл ва мухлатхое пешниход карда мешавад, ки барои хамин низомхои андозбанди мукаррар шудаанд.
  3. Андозсупорандагон (агентхои андоз) хукук доранд хисоботи андозро бо интихоби худ ба тарики зайл пешниход намоянд:

-бо тартиби шахсан хозир шудан ё ба воситаи намоянда;

-тавассути почта бо фиристодани мактуби фармоиши бо огохинома;

-дар холатхои мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар шакли электрони, ки барои коркарди компютерии маълумот имконият медихад.

  1. Мукаррароти сархати дуюми кисми 12 хамин модданисбат ба шахсони зерин татбик намешаванд:

-андозсупорандагоне, ки назорати фаъолияти онхоро нозироти андози андозсупорандагони калон амали менамояд;

-сохибкорони инфиродие, ки тибки патентфаъолият менамоянд.

  1. Дар холати бо тартиби шахсан хозир шудан ва дар шакли когази пешниход намудани хисоботи андоз, он дар ду нусха пешниход карда мешавад. Як нусхаи хисоботи андоз бо кайди макомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) баргардонида мешавад.
  2. Агар бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шахси хукуки бархам дода нашуда бошад ё сохибкори инфироди (вохиди алохидаи шахси хукуки) фаъолияти сохибкориро катъ накарда бошад, дар ин холат шахсони дар боло зикргардида ба макомоти андоз мутобики талаботи Кодекси мазкур, новобаста ба фаъолияти анчомдодашаванда, эъломияхои андозро пешниход менамоянд.
  3. Хисоботи андоз бе назорати пешакии камерали кабул карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …