Главная / Ҷамъият / Муоинаи хронометражӣ

Муоинаи хронометражӣ

Моддаи 40-и Кодекси Андоз. Муоинаи хронометражӣ

  1. Муоинаи хронометражӣ – шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади муқаррар намудани даромади воқеии андозсупоранда ва хароҷоти воқеии вобаста ба фаъолияти барои гирифтани даромад равонашуда дар даврае, ки мавриди муоина қарор мегирад, гузаронида мешавад.
  2. Дар ҷараёни гузаронидани муоинаи хронометражӣ мақомоти андоз масъалаҳои вобаста ба муоинаи объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқамандро мустақилона муайян менамоянд. Ҳамзамон инҳо бояд ҳатман мавриди муоина қарор гиранд:

-объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд;

-мавҷудияти пул, ҳуҷҷатҳои пулӣ, дафтарҳои муҳосибӣ, ҳисоботҳо, сметаҳо, коғазҳои қиматнок, ҳисобҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо объекти муоинашавандаи андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд вобастаанд;

-ҳисоботи фискалии мошини назоратӣ – хазинавӣ;

-шумораи кормандони кирояи воқеан истифодашаванда.

  1. Муоинаи хронометражӣ тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на зиёда аз як маротиба дар як сол ба мўҳлати то 3 рўзи корӣ гузаронида мешавад.
  2. Агар андозсупорандаи муоинашаванда фаъолияташро дар рўзҳои истироҳат ва ид амалӣ намояд, муоинаи хронометражӣ метавонад дар рўзҳои зикршуда гузаронида шавад. Муоинаи хронометражӣ метавонад мутобиқи низоми кории андозсупоранда, новобаста ба вақти шабонарўзӣ, гузаронида шавад.
  3. Асос барои гузаронидани муоинаи хронометражӣ амрномае мебошад, ки мутобиқи талабот барои гузаронидани санҷишҳои андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қабул гардидааст.
  4. Натиҷаҳои муоинаи хронометражии андозсупорандагон ҳангоми гузаронидани ҳисобҳои маблағҳои андозҳо аз рўи натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатӣ, инчунин барои таҳлили дурустии ҳисоботи пешниҳодшудаи андоз, бо дарназардошти мавсимӣ будани фаъолияти хоҷагидорӣ, ба назар гирифта мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …