Главная / Ҷамъият / Огоҳинома дар бораи санҷиш

Огоҳинома дар бораи санҷиш

Моддаи 31-и Кодекси Андоз. Огоҳинома дар бораи санҷиши дарпешистодаи андоз

  1. Мақомоти андоз на дертар аз 10 рўзи корӣ пеш аз оғози санҷиши ҳуҷҷатии андоз ба андозсупоранда дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз огоҳинома мефиристанд ё месупоранд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
  2. Дар бораи санҷиши дарпешистодаи ғайринақшавии андоз андозсупоранда на дертар аз 24 соат то лаҳзаи оғозшавии санҷиши андоз хаттӣ огоҳ карда мешавад.
  3. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд санҷиши ҳуҷҷатии ғайринақшавии андозро бе огоҳ намудани андозсупоранда дар бораи оғози санҷиш дар ҳолатҳое шурўъ намоянд, ки агар хавфи асоснокшуда дар мавриди он ки андозсупоранда метавонад ҳуҷҷатҳои марбут ба андозбандии барои гузаронидани санҷиш зарурро, пинҳон намояд ё нобуд созад ё ин ки дигар ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки гузаронидани санҷишро ғайриимкон месозад ё барои дар ҳаҷми пурра гузаронидани он имконият намедиҳанд.Мақомоти андоз чунин санҷиши андозро дар асоси иҷозати хаттии мақомоти болоии андоз бе огоҳ намудани андозсупоранда амалӣ менамоянд.
  4. Андозсупорандае, ки дар хусуси санҷиши дарпешистодаи андоз огоҳинома гирифтааст, ўҳдадор аст иштироки худ (иштироки намояндаи худ) ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои санҷиш дар рўз ва вақти дар огоҳинома пешбинишуда таъмин намояд.
  5. Дар ҳолате, ки агар андозсупоранда бо сабабҳои узрнок оғози санҷиши ҳуҷҷатиро дар рўз ва вақти дар огоҳинома пешбинишуда таъмин карда натавонад, вай ўҳдадор аст мақомоти андози санҷишкунандаро дар ин хусус то оғози санҷиши андоз, вале на дертар аз 5 рўзи корӣ аз рўзи гирифтани огоҳиномаи мақоми андози санҷишкунанда, ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва ба мақомоти андози санҷишкунанда сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқи санҷиши андозро пешниҳод намояд.
  6. Сабабҳои узрнок, ки вобаста ба онҳо андозсупоранда наметавонад оғози санҷишро дар рўз ва вақти дар огоҳинома пешбининамуда таъмин намояд, метавонанд нагирифтани огоҳинома, бемории бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда ё дар сафари хизматӣ будани шахси мансабдори масъул, ки ўҳдадор аст оғози санҷишро таъмин намояд, фавтидани хешовандони наздики он, офатҳои табиӣбошанд.
  7. Дар ҳар ҳолат мақомоти андоз ҳуқуқ доранд санҷиши андозро, ки дар огоҳинома пешбинӣ шудааст, пас аз гузаштани 10 рўзи корӣ аз мўҳлати дар огоҳинома зикршуда оғоз кунанд, андозсупоранда бошад, ўҳдадор аст шароит муҳайё сохта, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани санҷиши андоз пешниҳод намояд.

8.Санҷишҳои мутақобила ва амалиётӣ бе пешакӣ додани (ирсол намудани) огоҳинома анҷом дода мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …