Главная / Чамъият / Огохинома дар бораи санчиш

Огохинома дар бораи санчиш

Моддаи 31-и Кодекси Андоз. Огохинома дар бораи санчиши дарпешистодаи андоз

  1. Макомоти андоз на дертар аз 10 рузи кори пеш аз огози санчиши хуччатии андоз ба андозсупоранда дар хусуси гузаронидани санчиши андоз огохинома мефиристанд ё месупоранд, агар хамин модда тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  2. Дар бораи санчиши дарпешистодаи гайринакшавии андоз андозсупоранда на дертар аз 24 соат то лахзаи огозшавии санчиши андоз хатти огох карда мешавад.
  3. Макомоти андоз хукук доранд санчиши хуччатии гайринакшавии андозро бе огох намудани андозсупоранда дар бораи огози санчиш дар холатхое шуруъ намоянд, ки агар хавфи асоснокшуда дар мавриди он ки андозсупоранда метавонад хуччатхои марбут ба андозбандии барои гузаронидани санчиш зарурро, пинхон намояд ё нобуд созад ё ин ки дигар холатхое мавчуд бошанд, ки гузаронидани санчишро гайриимкон месозад ё барои дар хачми пурра гузаронидани он имконият намедиханд.Макомоти андоз чунин санчиши андозро дар асоси ичозати хаттии макомоти болоии андоз бе огох намудани андозсупоранда амали менамоянд.
  4. Андозсупорандае, ки дар хусуси санчиши дарпешистодаи андоз огохинома гирифтааст, ухдадор аст иштироки худ (иштироки намояндаи худ) ва хуччатхои заруриро барои санчиш дар руз ва вакти дар огохинома пешбинишуда таъмин намояд.
  5. Дар холате, ки агар андозсупоранда бо сабабхои узрнок огози санчиши хуччатиро дар руз ва вакти дар огохинома пешбинишуда таъмин карда натавонад, вай ухдадор аст макомоти андози санчишкунандаро дар ин хусус то огози санчиши андоз, вале на дертар аз 5 рузи кори аз рузи гирифтани огохиномаи макоми андози санчишкунанда, ба таври хатти огох намояд ва ба макомоти андози санчишкунанда сана ва вакти барои тарафхо мувофики санчиши андозро пешниход намояд.
  6. Сабабхои узрнок, ки вобаста ба онхо андозсупоранда наметавонад огози санчишро дар руз ва вакти дар огохинома пешбининамуда таъмин намояд, метавонанд нагирифтани огохинома, бемории бо хуччатхо тасдикшуда ё дар сафари хизмати будани шахси мансабдори масъул, ки ухдадор аст огози санчишро таъмин намояд, фавтидани хешовандони наздики он, офатхои табиибошанд.
  7. Дар хар холат макомоти андоз хукук доранд санчиши андозро, ки дар огохинома пешбини шудааст, пас аз гузаштани 10 рузи кори аз мухлати дар огохинома зикршуда огоз кунанд, андозсупоранда бошад, ухдадор аст шароит мухайё сохта, хуччатхои заруриро барои гузаронидани санчиши андоз пешниход намояд.

8.Санчишхои мутакобила ва амалиёти бе пешаки додани (ирсол намудани) огохинома анчом дода мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …