Главная / Илм / МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ

МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ

metrotromboflebitМЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ (Metrothrombophlebitis; аз metra – бачадон ва тромбофлебит), илтихоб ва тромбози венахои бачадон. М. одатан, оризаи эндометрити баъди зодан аст.
Ангезандаи сироят стафилококкхо, стрептококкхо, каламчамикроби руда мебошанд. Онхо ба венаи бачадон рох ёфта ба девораи вена ва бофтахои атрофи онхо осеб мерасонанд, боиси дар венахо пайдо шудани судда (тромб) мегарданд. Баъзан тромбхо зардоб пайдо мекунанд. Сироят мумкин аст бо хун ба венахои кос ва диг. мавзеъхои бадан низ пахн гардад.
Андаке баланд шудани харорат (гайр аз мавридхои фасод пайдо кардани судда, ки харорат ба 40 – 41° мерасад), дарди зери шикам, тез задани набз, дуру дароз аз аъзои таносул омадани обияти хунолуд ва г. нишонахои М. мебошанд. Баъзан бемори венаи пойхоро низ фаро мегирад.
М. дар шароити беморхона муолича карда мешавад: риояи низоми бистари, дорухои зиддибактерияви, рафъи дард, инчунин пархез, истифодаи гепарин, баъзан неодикумарин, фенилин ва г. Ниг. низ Беморихои баъди зодан.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …