Главная / Илм / МЕНОПАУЗА

МЕНОПАУЗА

menopauzaМЕНОПАУЗА (Menopausa), давраи қатъи ҳайз. М. бинобар хомӯш шудани фаъолияти тухмдонҳо ба вуҷуд меояд. М. гуфта ҳамон ҳолатеро меноманд, ки агар аз ҳайзи охири зан камаш як сол сипарӣ шуда бошад.
М. табиӣ ва сунъӣ мешавад. М.-и табиӣ ба харобии синнусолии захираи фолликулаҳо дар тухмдон вобаста аст. М. асосан дар синни аз 45 то 55-солагӣ рух менамояд, вале ҳолатҳои бармаҳал (40 – 45-солагӣ) ё баръакс, дер (баъди 55 – солагӣ) ба вуқӯъ пайвастани он низ ҷой доранд. М.-и сунъӣ дар натиҷаи бо амалиёти ҷарроҳӣ бурида дур сохтани тухмдонҳо ё зери таъсироти радиатсионӣ ва дору қатъ кардани фаъолияти онҳо ба вуҷуд меояд.
Тасф кардани бадан (тақр. дар 80% занҳо), ихтилоли хоб, серарақии шабона, хирагии табъ, афсурдарӯҳӣ, заъфи шаҳвонӣ, хушкидани маҳбал, ки мубошаратро душвор мегардонад, зуд – зуд пешоб кардан, хурд шудани ғадудҳои шир, хушкидани пӯст ва ба вуҷуд омадани чинҳои чуқур дар он, остеопароз ва ғ. аломатҳои М. мебошанд.
Ад.: Менопауза (справочник), М., 2000.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …