Главная / Илм / МЕНОПАУЗА

МЕНОПАУЗА

menopauzaМЕНОПАУЗА (Menopausa), давраи катъи хайз. М. бинобар хомуш шудани фаъолияти тухмдонхо ба вучуд меояд. М. гуфта хамон холатеро меноманд, ки агар аз хайзи охири зан камаш як сол сипари шуда бошад.
М. табии ва сунъи мешавад. М.-и табии ба харобии синнусолии захираи фолликулахо дар тухмдон вобаста аст. М. асосан дар синни аз 45 то 55-солаги рух менамояд, вале холатхои бармахал (40 – 45-солаги) ё баръакс, дер (баъди 55 – солаги) ба вукуъ пайвастани он низ чой доранд. М.-и сунъи дар натичаи бо амалиёти чаррохи бурида дур сохтани тухмдонхо ё зери таъсироти радиатсиони ва дору катъ кардани фаъолияти онхо ба вучуд меояд.
Тасф кардани бадан (такр. дар 80% занхо), ихтилоли хоб, сераракии шабона, хирагии табъ, афсурдарухи, заъфи шахвони, хушкидани махбал, ки мубошаратро душвор мегардонад, зуд – зуд пешоб кардан, хурд шудани гадудхои шир, хушкидани пуст ва ба вучуд омадани чинхои чукур дар он, остеопароз ва г. аломатхои М. мебошанд.
Ад.: Менопауза (справочник), М., 2000.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …