Главная / Илм / МЕЪДА

МЕЪДА

medaМЕЪДА (Ventriculus), узви гувориш. М. аз қисми боло бо сурхрӯда, аз қисми поён бо рӯдаи дувоздаҳангушта пайваст аст. Дар М. ғизо ҷамъ ва омехта шуда, даври аввали гуворишро мегузарад ва баъдан ба рӯдаи дувоздаҳангушта мефарояд.
М. дар қисми болои ҷавфи шикам ҷойгир аст. Шакл ва ҳаҷми М. доимӣ нест. Он вобаста ба ҳолати тонуси мушакҳои М., пурӣ, давраи гувориш (ҳазм), мавқеи бадан, хусусияти ҷисм, ҳамчунин вазъи узвҳои наздик тағйир меёбад. Дарозии М. (ҳангоми миёна будани дараҷаи пуршавии он) 14 – 30 см, бараш 10 – 16 см аст. Гунҷоиши он 1,5 – 2,5 л мебошад. М.-ро шартан ба 4 ҳисса ҷудо мекунанд: даромадгоҳ, тана, қаър ва баромадгоҳ. Баромадгоҳи М. ба ду қисм тақсим карда мешавад: ҷавф ва гузаргоҳи он.
М.-ро артерияҳои чап ва рости меъда, ҳамчунин артерияҳои чап ва рости меъдаю чарбу бо хун таъмин мекунанд. Венаҳои М. аз шабакаи дохилузвӣ ташаккул ёфта, аз назди артерияҳо мегузаранд ва ба шохчаи венаи даромадгоҳи ҷигар мепайванданд. Фаъолияти М.-ро шохаҳои бофти асабҳои батн ва гумроҳ назорат мекунанд. Асабҳои ҳис аз ҳароммағз меоянд.
Девораи М. аз луобпарда, зерлуобпарда, мушакҳо ва пардаи серозӣ таркиб ёфтааст. Луобпарда аз эпителияи устувонавии якқабата, қабати асосӣ ва лавҳачаҳои мушакӣ иборат мебошад. Дар қабати асосӣ ғадудҳои найчашакл ҷой гирифтаанд, ки дорои се навъи ҳуҷайра мебошанд: гландулоситҳои асосию париеталӣ ва мукоситҳо (ҳуҷайраҳои иловагӣ). Гландулоситҳои асосӣ пепсиноген (проферменти пепсин) ва химозин, гландулоситҳои париеталӣ кислотаи хлорид, мукоситҳо усораи мукоидӣ ҳосил менамоянд. Дар ғадудҳои баромадгоҳ ҳуҷайраҳои гормонии фаъол ҷой доранд, ки гастрин ихроҷ менамоянд. М. аз мушакҳои дарозрӯя, даврӣ ва каҷ иборат мебошад. Қабати серозӣ (қабати берунии меъда) аз бофтаҳои пайвандӣ ва эпителий (мезотелий) таркиб ёфтааст.
Вазифаи асосии М.: захира кардан ва ҳазми аввалини ғизо; тадриҷан ба рӯда фиристодани он; иштирок дар мубодилаи моддаҳо (хориҷ кардани баъзе маҳсули мубодилаи моддаҳо) ва обу намак; дар як савия нигоҳ доштани pH-и хун; иштирок дар ҳосилшавии хун. Ғизо дар М. зери таъсири шираи меъда гувориш меёбад. Кислотаи хлорид селлюлозаро нарм карда, ба ҳазми минбаъдаи он мусоидат менамояд; он таъсири антисептикӣ низ дорад. Иштироки М. дар раванди хунофарӣ ба омили дохилии Касл вобаста аст. Омили дохилии Касл дар М. ҳосил шуда, ҷаббиши витамини В12-ро осон мегардонад. Гормони гастрин, ки мансуби пептидҳост, тарашшӯҳи кислотаи хлоридро метезонад. Ангезаи табиии ҳосил шудани гастрин ғизо аст; кам будани бузургии pH-и шираи меъда раванди ҳосил шудани онро бозмедорад. Калсий ва адреналини хун ба ихроҷи гастрин тақвият мебахшанд.
Тағйироти синнусолии М. ба инвалютсия (таназзул)-и луобпарда, ки боиси тадриҷан коҳиш ёфтани фаъолияти гормонӣ ва тарашшӯҳии он мегардад, вобаста аст. Чунин ҳолат бештар бо нишонаҳои диспепсияи рӯда, дамиши шикам, баъзан исҳол, харобӣ, гиповитаминоз, камхунӣ, суст шудани муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ зоҳир мегардад.
М.-ро бо усулҳои гуногун таҳқиқ менамоянд. Шикояти бемор дар бобати дард кардани сари дил, қай, хун партофтан, оруғ задан, зардаҷӯш ва ғ. бисёр вақт барои муқаррар сохтани тарзи иллати М. кумак мерасонад. Тадқиқи фаъолияти тарашшӯҳии М., ки тавассути зонд гузаронда мешавад, барои ташхиси бемориҳои он ва интихоби усули муолиҷа аҳамияти калон дорад. Тадқиқоти рентгенологӣ доир ба тағйироти узвии М. ва фаъолияти он маълумот медиҳанд. Ҳангоми тадқиқи рентгеноконтрастии М. аз маҳлули обии сулфати барий, баъзан сулфати барий ва газ истифода мекунанд.
Яке аз усулҳои маъмули тадқиқи М. гастроскопия аст. Он имкон медиҳад, ки ҳолати луобпардаи М. дақиқона омӯхта шавад. Бо роҳи гастроскопия луобпардаи М.-ро метавон биопсия (гастробиопсия) низ кард (маводи биопсия барои тадқиқи минбаъдаи гистологӣ ва ситологӣ зарур аст).
Бемориҳои М.-ро ҳамчунин бо усулҳои перитонеоскопия, тадқиқи ултрасадоӣ ва тамографияи компютерӣ ташхис мекунанд.
Бемориҳои М. бо роҳҳои гуногун падид меоянд, мас., дард кардани сари дил, диспепсияи меъда, қай, хуншорӣ, сустию беҳолатӣ ва ғ. Нишонаҳои мазкур барои тамоми бемориҳои М. хос намебошанд. Чунончи, дард, одатан, ҳангоми захми меъда ва бемории саратон ба вуҷуд меояд. Зардаҷӯш, оруғ задан, эҳсоси фишор дар сари сина, қурқури шикам, дилбеҳузурӣ, қай ва исҳол аломатҳои диспепсия ва ҷарроҳӣ мебошанд. Баъзе амрози М., мас., гастрити музмин, полипоз, захм, омосҳои саратонӣ мумкин аст бидуни нишонаҳои возеҳ рух намоянд.
Аз нуқси инкишофи М. бештар пилоростеноз мушоҳида мегардад. Он тангии модарзоди баромадгоҳи М. мебошад. Аломати асосии пилоростеноз қай кардани муҳтавои меъда аст. Беморӣ дар ҳафтаи 2 – 4 ҳаёт ба мушоҳида мерасад. Дивертикули М. мумкин аст бидуни ягон аломат падид ояд. Илтиҳоби он (дивертикулит) аз рӯи аломатҳои болинӣ ба захми меъда монанд аст.
Осебҳои М. пӯшида ва кушода мешаванд. Осебҳои пӯшида, мас., каме даридани девораи М., ҳангоми ба шикам сахт афтодан ё зарб хӯрдан ба вуҷуд меоянд. Осебҳои кушода дар натиҷаи захм бардоштан, мас., аз захми тир, пайдо мешаванд. Сӯхтагӣ аз кислотаю ишқорҳо низ ба осебҳои М. тааллуқ дорад.
Бисёр вақт ба М. ҷисмҳои бегона низ роҳ меёбанд. Ин ҳолат бештар дар кӯдакон дучор меояд. Баъзеи онҳо бидуни эҳсоси дард худ аз худ берун меоянд. Баъзеи дигарро бо ёрии гастроскоп, лапаротомия ва гастротомия бадар меоранд.
Дар М. «санг» ҳам пайдо мешавад (безоар). Сабаби он фурӯ бурдани мӯй, нахи растанӣ, моддаҳои муммонанд, сақич ва ғ. аст. Онҳо дар М. ҷамъ ва лӯнда шуда, боиси дард, дилбеҳузурӣ, қай мегарданд.
Ниг. низ ба мақолаҳои ҷудогона оиди бемориҳои меъда.

Ғ. Қ. Мироҷов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …