Главная / Илм / МЕЪДА

МЕЪДА

medaМЕЪДА (Ventriculus), узви гувориш. М. аз кисми боло бо сурхруда, аз кисми поён бо рудаи дувоздахангушта пайваст аст. Дар М. гизо чамъ ва омехта шуда, даври аввали гуворишро мегузарад ва баъдан ба рудаи дувоздахангушта мефарояд.
М. дар кисми болои чавфи шикам чойгир аст. Шакл ва хачми М. доими нест. Он вобаста ба холати тонуси мушакхои М., пури, давраи гувориш (хазм), мавкеи бадан, хусусияти чисм, хамчунин вазъи узвхои наздик тагйир меёбад. Дарозии М. (хангоми миёна будани дарачаи пуршавии он) 14 – 30 см, бараш 10 – 16 см аст. Гунчоиши он 1,5 – 2,5 л мебошад. М.-ро шартан ба 4 хисса чудо мекунанд: даромадгох, тана, каър ва баромадгох. Баромадгохи М. ба ду кисм таксим карда мешавад: чавф ва гузаргохи он.
М.-ро артерияхои чап ва рости меъда, хамчунин артерияхои чап ва рости меъдаю чарбу бо хун таъмин мекунанд. Венахои М. аз шабакаи дохилузви ташаккул ёфта, аз назди артерияхо мегузаранд ва ба шохчаи венаи даромадгохи чигар мепайванданд. Фаъолияти М.-ро шохахои бофти асабхои батн ва гумрох назорат мекунанд. Асабхои хис аз хароммагз меоянд.
Девораи М. аз луобпарда, зерлуобпарда, мушакхо ва пардаи серози таркиб ёфтааст. Луобпарда аз эпителияи устувонавии яккабата, кабати асоси ва лавхачахои мушаки иборат мебошад. Дар кабати асоси гадудхои найчашакл чой гирифтаанд, ки дорои се навъи хучайра мебошанд: гландулоситхои асосию париетали ва мукоситхо (хучайрахои иловаги). Гландулоситхои асоси пепсиноген (проферменти пепсин) ва химозин, гландулоситхои париетали кислотаи хлорид, мукоситхо усораи мукоиди хосил менамоянд. Дар гадудхои баромадгох хучайрахои гормонии фаъол чой доранд, ки гастрин ихроч менамоянд. М. аз мушакхои дарозруя, даври ва кач иборат мебошад. Кабати серози (кабати берунии меъда) аз бофтахои пайванди ва эпителий (мезотелий) таркиб ёфтааст.
Вазифаи асосии М.: захира кардан ва хазми аввалини гизо; тадричан ба руда фиристодани он; иштирок дар мубодилаи моддахо (хорич кардани баъзе махсули мубодилаи моддахо) ва обу намак; дар як савия нигох доштани pH-и хун; иштирок дар хосилшавии хун. Гизо дар М. зери таъсири шираи меъда гувориш меёбад. Кислотаи хлорид селлюлозаро нарм карда, ба хазми минбаъдаи он мусоидат менамояд; он таъсири антисептики низ дорад. Иштироки М. дар раванди хунофари ба омили дохилии Касл вобаста аст. Омили дохилии Касл дар М. хосил шуда, чаббиши витамини В12-ро осон мегардонад. Гормони гастрин, ки мансуби пептидхост, тарашшухи кислотаи хлоридро метезонад. Ангезаи табиии хосил шудани гастрин гизо аст; кам будани бузургии pH-и шираи меъда раванди хосил шудани онро бозмедорад. Калсий ва адреналини хун ба ихрочи гастрин таквият мебахшанд.
Тагйироти синнусолии М. ба инвалютсия (таназзул)-и луобпарда, ки боиси тадричан кохиш ёфтани фаъолияти гормони ва тарашшухии он мегардад, вобаста аст. Чунин холат бештар бо нишонахои диспепсияи руда, дамиши шикам, баъзан исхол, хароби, гиповитаминоз, камхуни, суст шудани мукобилати организм ба беморихои сирояти зохир мегардад.
М.-ро бо усулхои гуногун тахкик менамоянд. Шикояти бемор дар бобати дард кардани сари дил, кай, хун партофтан, оруг задан, зардачуш ва г. бисёр вакт барои мукаррар сохтани тарзи иллати М. кумак мерасонад. Тадкики фаъолияти тарашшухии М., ки тавассути зонд гузаронда мешавад, барои ташхиси беморихои он ва интихоби усули муолича ахамияти калон дорад. Тадкикоти рентгенологи доир ба тагйироти узвии М. ва фаъолияти он маълумот медиханд. Хангоми тадкики рентгеноконтрастии М. аз махлули обии сулфати барий, баъзан сулфати барий ва газ истифода мекунанд.
Яке аз усулхои маъмули тадкики М. гастроскопия аст. Он имкон медихад, ки холати луобпардаи М. дакикона омухта шавад. Бо рохи гастроскопия луобпардаи М.-ро метавон биопсия (гастробиопсия) низ кард (маводи биопсия барои тадкики минбаъдаи гистологи ва ситологи зарур аст).
Беморихои М.-ро хамчунин бо усулхои перитонеоскопия, тадкики ултрасадои ва тамографияи компютери ташхис мекунанд.
Беморихои М. бо роххои гуногун падид меоянд, мас., дард кардани сари дил, диспепсияи меъда, кай, хуншори, сустию бехолати ва г. Нишонахои мазкур барои тамоми беморихои М. хос намебошанд. Чунончи, дард, одатан, хангоми захми меъда ва бемории саратон ба вучуд меояд. Зардачуш, оруг задан, эхсоси фишор дар сари сина, куркури шикам, дилбехузури, кай ва исхол аломатхои диспепсия ва чаррохи мебошанд. Баъзе амрози М., мас., гастрити музмин, полипоз, захм, омосхои саратони мумкин аст бидуни нишонахои возех рух намоянд.
Аз нукси инкишофи М. бештар пилоростеноз мушохида мегардад. Он тангии модарзоди баромадгохи М. мебошад. Аломати асосии пилоростеноз кай кардани мухтавои меъда аст. Бемори дар хафтаи 2 – 4 хаёт ба мушохида мерасад. Дивертикули М. мумкин аст бидуни ягон аломат падид ояд. Илтихоби он (дивертикулит) аз руи аломатхои болини ба захми меъда монанд аст.
Осебхои М. пушида ва кушода мешаванд. Осебхои пушида, мас., каме даридани девораи М., хангоми ба шикам сахт афтодан ё зарб хурдан ба вучуд меоянд. Осебхои кушода дар натичаи захм бардоштан, мас., аз захми тир, пайдо мешаванд. Сухтаги аз кислотаю ишкорхо низ ба осебхои М. тааллук дорад.
Бисёр вакт ба М. чисмхои бегона низ рох меёбанд. Ин холат бештар дар кудакон дучор меояд. Баъзеи онхо бидуни эхсоси дард худ аз худ берун меоянд. Баъзеи дигарро бо ёрии гастроскоп, лапаротомия ва гастротомия бадар меоранд.
Дар М. «санг» хам пайдо мешавад (безоар). Сабаби он фуру бурдани муй, нахи растани, моддахои муммонанд, сакич ва г. аст. Онхо дар М. чамъ ва лунда шуда, боиси дард, дилбехузури, кай мегарданд.
Ниг. низ ба маколахои чудогона оиди беморихои меъда.

Г. К. Мирочов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …