Главная / Илм / МАВИЗ

МАВИЗ

mavizМАВИЗ, ангури хушкида. Аз навъҳои ангури мавизбоб тайёр мекунанд. М. чанд хел мешавад: бедона – кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишқору буғи сулфур хушконида; сабза – кишмиши сафеди ба маҳлули ишқор (маҳлули 0,2 – 04-фоизаи содаи каустикӣ) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани М. ангурро (дар ҷевон ё хонаи махсус) бо сулфур буғ дода, дар рӯи чиғбастҳо (штапелҳои тахтагини 90 х 60см) мехушконанд; соягӣ – кишмиши сафеди дар хонаҳои махсуси соягӣ (хонае, ки чор атрофи девораш сӯрохиҳои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконида; шиғонӣ – кишмиши сиёҳи дар офтоб хушконида; гармиён – навъи дар маҳлули ишқор тар карда, сипас дар офтоб хушконидаи ангури каттақурғонӣ, султонӣ ва нимранг; барои рангдор шуданаш онро бо сулфур буғ дода, дар чиғбастҳо мехушконанд; авлон – мавизи дар офтоб хушконидаи ангур.
М.-ро бо усули оддӣ дар рӯи бурё, бордон ё суфаҳо ангурро хушконида тайёр мекунанд. Бо ин усул ангур дар 20 – 30 рӯз хушк мешавад. Аз ангури бо маҳлули ишқор таркарда дар 7 – 10 рӯз 24 – 30% ва дар сояхона дар 4 – 8 ҳафта 23 – 25% М. хушк мешавад. М.-и сояхона сершираву рангдор ва кабудчатоб аст. М. то 80 – 85% қанд, 0,5 – 3% туршӣ, 2,3% моддаҳои нитрогедор ва ғ. дорад. Намии М. набояд аз 18% зиёд бошад. М.-ро аз гарду чанг ва диг. омехтаҳо тоза карда, ба халта ва қуттиҳо меандозанд.
Бино ба ақидаи табибони халқӣ агар М.-ро бихӯранд, хилти ғафсро пазонда, барои дафъ шудан тайёр мекунад, меъда ва рӯдаҳоро аз чизҳои бегона пок мегардонад, ҷигарро қувват медиҳад, дар одамони сардмизоҷ боҳро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ мекунад; барои сурфаи балғамӣ, бемориҳои гурда ва пешобдон даво мешавад, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Агар ба ҷои тухмаш дар ҳар М. як дона мурч ҷой карда, ба хӯрдани он мудовамат намоянд, барои чакмезак дармон мешавад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. М.-ро бо равғани ҳайвонот кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
М.-и камшираю камгӯшт дарунро мебандад ва шикамро қувват мебахшад. Оберо, ки дар он кишмиш тар карда ё ҷӯшонда шудааст, бо қанди сафед қивом карда бихӯранд, сурфаро шифо мебахшад, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона пок мекунад, овозро соф мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …