Главная / Илм / МАВИЗ

МАВИЗ

mavizМАВИЗ, ангури хушкида. Аз навъхои ангури мавизбоб тайёр мекунанд. М. чанд хел мешавад: бедона – кишмиши сафеди дар офтоб бе истифодаи ишкору буги сулфур хушконида; сабза – кишмиши сафеди ба махлули ишкор (махлули 0,2 – 04-фоизаи содаи каустики) тар карда дар офтоб хушконида; барои рангдор шудани М. ангурро (дар чевон ё хонаи махсус) бо сулфур буг дода, дар руи чигбастхо (штапелхои тахтагини 90 х 60см) мехушконанд; сояги – кишмиши сафеди дар хонахои махсуси сояги (хонае, ки чор атрофи девораш сурохихои сершумор дошта, ба он нури офтоб намедарояд) хушконида; шигони – кишмиши сиёхи дар офтоб хушконида; гармиён – навъи дар махлули ишкор тар карда, сипас дар офтоб хушконидаи ангури каттакургони, султони ва нимранг; барои рангдор шуданаш онро бо сулфур буг дода, дар чигбастхо мехушконанд; авлон – мавизи дар офтоб хушконидаи ангур.
М.-ро бо усули одди дар руи бурё, бордон ё суфахо ангурро хушконида тайёр мекунанд. Бо ин усул ангур дар 20 – 30 руз хушк мешавад. Аз ангури бо махлули ишкор таркарда дар 7 – 10 руз 24 – 30% ва дар сояхона дар 4 – 8 хафта 23 – 25% М. хушк мешавад. М.-и сояхона сершираву рангдор ва кабудчатоб аст. М. то 80 – 85% канд, 0,5 – 3% турши, 2,3% моддахои нитрогедор ва г. дорад. Намии М. набояд аз 18% зиёд бошад. М.-ро аз гарду чанг ва диг. омехтахо тоза карда, ба халта ва куттихо меандозанд.
Бино ба акидаи табибони халки агар М.-ро бихуранд, хилти гафсро пазонда, барои дафъ шудан тайёр мекунад, меъда ва рудахоро аз чизхои бегона пок мегардонад, чигарро кувват медихад, дар одамони сардмизоч бохро ба харакат меоварад, баданро фарбех мекунад; барои сурфаи балгами, беморихои гурда ва пешобдон даво мешавад, захми рудахоро шифо мебахшад. Агар ба чои тухмаш дар хар М. як дона мурч чой карда, ба хурдани он мудовамат намоянд, барои чакмезак дармон мешавад, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад. М.-ро бо равгани хайвонот куфта гузошта банданд, варамхоро тахлил медихад.
М.-и камшираю камгушт дарунро мебандад ва шикамро кувват мебахшад. Оберо, ки дар он кишмиш тар карда ё чушонда шудааст, бо канди сафед кивом карда бихуранд, сурфаро шифо мебахшад, узвхои даруни синаро аз моддахои бегона пок мекунад, овозро соф мегардонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

magniti-chashm

МАГНИТИ ЧАШМ

МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологи барои аз гузаи чашм ва бофтахои он …