Главная / Ҷуғрофия / МАВҚЕИ МИНТАҚАҲОИ РАВШАНИ ВА ТАҚСИМОТИ ГАРМИИ ОФТОБ ДАР ЗАМИН

МАВҚЕИ МИНТАҚАҲОИ РАВШАНИ ВА ТАҚСИМОТИ ГАРМИИ ОФТОБ ДАР ЗАМИН

Аз мушоҳидаҳои маҳалатон мисолҳо оред – ба баландии Офтоб бар уфуқ ва аз давомнокии рӯз вобаста будани гармшавии ҳаворо шарҳ диҳед.

Офтоб – манбаи гармӣ ва равшанӣ. Офтоб кураи азими газмонанди тафсон буда, яке аз ситораҳои бешумори кайҳон аст. Он ба сайёраамон – Замин наздиктарин ситора буда, дар масофаи қариб 150 млн. км воқеъ гардидааст. Ҳарорати сатҳи Офтоб қариб +6 000с. қаъраш то 20 млн. дараҷа мебошад. Он миқдори азими гармӣ ва рӯшноии чашмхиракунанда меафканад» Ҳамаи сайёраҳон атрофи Офтоб, аз ҷумла Замин, ки дар гирди он давр мезанад, гармӣ ва равшаниро аз Офтоб мегиранд.

golos

Барои ҳосил кардани он миқдори гармие, ки Замин аз Офтоб мегирад. садҳо миллион стансияҳои барқӣ, монанди Норак лозим мебуд. Офтоб миқдори зиёди равшаниро паҳн мекунад. Барои ҳосил кардани тасаввурот бояд гуфт, ки барои рӯз барин равшан кардани хонаи масоҳаташ 350 метри мураббаъ дар сақфудеворҳои он  50 ҳазор лампочкаи 60- волта гузоштан лозим меояд. Манбаи ҳамаи ҳодисаҳои сатҳи Замин гармии Офтоб мебошад.

Замин дар мадор дар атрофи Офтоб бо суръати ниҳоят баланд – 29.8 км/сония давр мезанад. Дар давоми 45 дақиқаи дарс ҳамаи мо якҷоя бо Замин дар Кайхон роҳи бештар аз 80 000 километрро тай мекунем.

Гарм ва равшан шуданн сатҳи Замин дар давоми сол. Гармӣ ва равшанӣ дар сатҳи курашакли Замин нобаробар тақсим мешавад, зеро кунҷи афтидани нурҳои Офтоб дар арзҳои гуногун ҳар хел аст. Тасаввур кунед: Замин дар гирди Офтоб таврс давр мезанад, ки меҳвари он нисбат ба сатҳи мадор амудП ҷой i ирифтаасг. Он гоҳ тамоми сол андозаи куҷчи Офтоб дар арзҳо як хел мешуд ва дар сатҳи Замин ҳама арзҳо миқдори якхелаи гармӣ мегирифтанд, рӯзу шаб ҳамеша баробар ва фаслҳои сол иваз намешуданд.

Вале меҳвари Замин ба сатҳи мадор бо кунҷи 66.5 моил буда, тарафи шимолаш ҳамеша-ба Ситораи Қутб равона аст. Замин воқеан меҳвар надорад. Ин хати тасаввуриест, ки Замин дар гирди он давр мезанад. Барои ҳосил кардани тасаввурот ягон чӯбча ё конфетро гирифта дар байни ду ангушт давр занонед: он хати тасаввурие, ки ду нуқтаро мепайвандад, қисми болояш гӯё “Қутби Шимолӣ” ва поёнаш “Қутби Ҷанубӣ” мебошад (Чунин таҷрибаро худатон мустақил иҷро кунед).

Aгap Замин дар тӯли сол аз киштии кайҳонӣ мушоҳида карда шавад, маълум мегардад, ки Офтоб доимо нисфи сатҳӣ курашакли Заминро равшан менамояд. Дар ин ҳангом гоҳ Нимкураи Шимолӣ ва гоҳ Нимкураи Ҷануби равшан аст. Ҳар ду нимкура соле ду маротиба як хел равшан мешаванд.

Ивазшавии фаслҳои сол дар натиҷаи ҳаракати Замин дар гирди Офтоб ба амал меояд. Сабаби асосин ба вуҷуд омадани фаслҳои сол дар он аст, ки меҳвари Замин нисбат ба сатҳи мадораш 66,5 моил мебошад. Дар натиҷаи ин моилӣ нурҳои Офтоб дар як сол ду маротиба – як бор ба Нимкураи Шимолӣ ва бори дигар ба Нимкураи Ҷанубӣ майл мекунанд. Ин боиси дар як нимкура фаро расидани фасли тобистон, дар нимкураи дигар – фасли зимистон мегардад.

Дар давоми сол, яъне дар муддати пурра дар атрофи Офтоб давр задани Замин, чор рӯз чолиби диққат аст: 21 март ва 23 сентябр – баробарии шабу рӯз. 22 июн ва 22 декабр – таваққуфи Офтоб.

 Хатҳои мувозиеро, ки аз 30,5-и арзи шимолӣ ва 30,5°-и арзи ҷанубӣ гузаронида шудаанд, доираҳои тропикӣ (ё тропикҳо) меноманд. Яъне ин хатҳо аз хати истивои Замин дар арзи 30,5° воқеъ мебошанд. Марзҳоеро, ки дар байни хатҳои мувозии тропикҳо воқеанд. марзҳои тропикӣ меноманд.

Дар ҳар хатҳои мувозии тропикҳо соле як маротиба Офтоб нисфирӯзӣ ба қиём меояд, яъне нурҳои Офтоб ба сатҳи Замин рост меафтанд. (Дар харитаи нимкураҳо тропикҳои шимояӣ ва ҷанубиро нишон дихед).

Доираҳои қутбӣ. Хатҳои мувозиеро, ки аз 66.5° -и арзи шимолй ва 66.5° -и арзи ҷанубй гузаронда шудаанд, доираҳоц қутбӣ меноманд. Яъне хатҳои қутбӣ аз хати истивои замин дар арзи 66, 5° мебошанд. Онҳо аз дигар хатқои мувозӣ бо он фарқ мекунанд, ки дар онҳо  соле як маротиба рӯзи қутбӣ мешав^Я Ода.мон дар ин арзҳо тамоми шабонарӯз. яънс 24 соат Офтобр^ мебинанд (расми 83). Баъди ним сол тамоми шабонарӯз шаб» қутбӣ мешавад.

Давомнокии шабу рӯзхои қутбӣ аз доирахои қутбӣ ба самти қутбҳо зиёд мешавад. Масалан, он дар арзи 66.5° як шабонарӯз бошад, дар арзи 70° ба 65° шабонарӯз, дар арзи 80° ба 134 шабонарӯз, дар арзи 90° (дар қутбҳо) тахминан ба шашмоҳӣ баробар аст.

Аз доираҳои қутбӣ то кутбҳо (дар нимкурахои Шимолӣ ва Ҷанубӣ) нурҳои Офтоб дар тамоми сол торафт бештар поин афтод, сатҳи Заминро нағз гарм намекунанд.

Дар ҳамаи арзҳо аз доираи қутбӣ то хати истиво ҳам шабонарӯз рӯзу шаб иваз мешавад (доираҳои қутбҳои Шимолӣ, ва Ҷанубиро дар харитаи нимкураҳо нишон диҳед).

Минтақаҳои равшанӣ. Троликҳо ва доираҳои қутбии сатҳи Заминро ба минтақаҳо тақсим кардаанд. Ин минтакаҳо бо равшанию миқдори гармие, ки аз Офтоб мегиранд, аз ҳамдигар фарқ доранд. Вобаста ба кунҷи афтиши нурҳои Офтоб ва давомнокии рӯзу шаб панҷ минтақаи равшаниро фарқ мекунанд.

Дар байни хатҳои мувозии тропикҳо минтақаҳои тропикӣ ҷой гирифтаанд (онҳоро аз глобус ва харитаи нимкураҳо нишон диҳед). Сатҳи Замин дар ин ҷо тамоми сол гармии зиёд мегирад. Бинобар ин иқлйми минтақаи тропикӣ гарм аст. Мардуми он соле ду маротиба таваққуфи Офтобро дар қиём мушоҳида мекунанд. Бардавомии рӯз дар хати истиво ҳамеша ба 12 соат баробар аст. Хати мувозие, ки дар масофаи якхела аз қутбхо кашида шудааст, хати истиво ном дорад. Хати истиво камарбанди Замин ё худ хати мувозии асосӣ (0°) аст. Дигар хатҳои доиравии дар масофаи якхела ба хати истиво ба таври мувозӣ кашидашударо хатҳои мувозӣ меноманд.

Дар минтакаҳои тропики рӯзи кӯтоҳтарин 10 соату 30 дақиқа мебошад. Дар Нимкураи Шимолӣ ин ба 22 декабр, дар Нимкураи Ҷамубӣ ба 22 июн рост меояд (бо бардавомии рӯзи маҳалатон дар ин вақт муқоиса кунед). Дар ин ҷо амплитудаи ҳарорати солона хеле кам аст.

Дар байни доираҳои қутбй ва тропикҳо минтақаҳои мӯътадили нимкураҳои Шимолӣ ва Ҷанубй ҷой гирифтаанд. Дар ин ҷо сатҳи Замин назар ба минтақаҳои тропикӣ камтар, вале назар ба минтақаҳои қутбӣ бештар гармӣ ва равшанӣ мегирад. Дар миитакаҳои мӯътадил Офтоб ҳеҷ вақт ба қиём намеояд. Чор фасли сол – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва знмистон аниқ мушоҳида мешавад: дар ин ҳол мавзеъ ҳар қадар ба доираи қутбӣ наздик бошад, зимистон ҳамон қадар бардавому хунуктар, ҳар кадар ба доираи тропикӣ наздик бошад, тобистон ҳамон қадар бардавому гармтар мебошад. Иқлими ин минтақаҳо мӯътадил аст. Дар фаслҳои гуногун ба ин минтақаҳо анбӯҳи ҳавои арктикӣ ва тропикӣ дохил мешавад. Амплитудаи солонаи ҳарорат зиёд аст ва баробари балад шудани арзҳо он ҳам меафзояд.

Рӯзҳо Нимкураи Шимолӣ Нимкураи Ҷанубӣ
21 март 1)  Ҳар ду нимкура як хел равшан, шабу

рӯз баробар аст (12- соат)

2)   Нурҳои Офтоб ба хаги исгиво рост

меафтад;

3)   Баробарии баҳории шабу рӯз

3) баробарии шабу рӯз
22 июн 1)  бешгтар равшан аст;

2)   рӯз аз шаб дароз аст;

3)  Xатҳои қисмати хаттиқугбӣ дартӯяи

(шабонарӯз то хати мувозии 66,5 арзи шимолӣ ровшан аст (рӯзи кузбӣ,’

4)    Нурҳои Офтоб ба арзн 23.5° арзи

шнмолӣ рост меафтад.

1) камтар равшан аст;

2)  рӯз аз шаб кӯтоҳ аст;

3)   ҳаман қисмати назди-

қутбӣ дар тӯли шабо наруз то хати иуно-зэд 66.5° арзи ҷанубй соя acт (шаби кугбП/

23 сентябp 1) Хар ду нимкура як хел равшан аст. шабу

рӯз баробар меботад (12- coатӣ);

2)   Нурҳои Офтоб дар хати истиво рост

меафтад;

3)   Баробарин тирамоҳу шабу рӯз

3) баробарии баҳоруи шабу рӯз
22 декабр 1)  Камтар равшан аст;

2)   Рӯз аз шаб кӯтоҳ аст.

3)   Ҳамаи қисмаш наздиқутб дар тӯли шабу

рӯз то хати мувовш арои шиматӣ

дар соя дат (шаби қутбғу

3) Баробарик тирамокнн шабу рӯз

Қисматҳои бо доираҳои қутбӣ махдуди сатҳи Замин минтақаҳои қутбӣ ном доранд. Дар ин чо минтакаҳои қутби Шимолӣ ва Ҷанубй ҷой гирифтаанд (Онҳоро аз глобус харитаи нимкураҳо нншон диҳед. Тобистон рӯзи қутбӣ бош ҳам, вале Офтоб дар уфуқ паст воқеъ аст ва сатҳи Замииро хеле кам гарм мекунад. Офтоб дар фасли зимистон муддати дароз намудор намешавад. Дар минтақаҳои қут анбуҳи ҳавои хунуки арктикй тамоми сол ҳукм меронад, аз ин рӯ иқлими хунук хос аст (Аз глобус панҷ минтакаи равшани нишон дода, онҳоро номбар кунед).

Сабабҳои асосии гуногунии иқлими Замин ҳархела арзи географӣ ва баландии маҳал аз сатҳи баҳр, бардавом: рӯз, шакли релеф ва ғайра мебошанд. Кунҷи афтидани нурҳо Офтоб ба сатҳи Замин ҳар қадар зиёд бошад, ҳаво ҳамон қад гармтар мешавад, яъне иқлим ба мавқеи географӣ низ вобаста аст. Ин вобастагӣ ҳанӯз ба олимони Юнони  маълум буд.

Дар замони ҳозира дар ташаккули иклим нақши инсон низ калон аст.

Савол ва супориш

  1. Манбаи асосии ҳамаи ҳодисаҳои рӯи Замин чист?
  2. Доир ба мехвари Замин ва моилии он нисбат ба сатҳи мадор чиро нақл карла мставонсд?
  3. Дар бораи ба вуҷуд омадани мин гақаҳои равшании Заммн накд карда, бигӯед, ки махалатон ба кадом мннтақаҳои равшанй мансуб аст.
  4. Минтакахои тропикӣ ва мӯътадилро муқоиса карда, фарқи онҳоро муайян кунед.
  5. Дар харитаи ангории (бематн) нимкураҳо доираҳои қутбро бо қалами кабуд, тропикҳоро бо қалами сурх ишора кунед. Минтақаҳои тропикиро бо хатҳои канда-кандаи сурх, минтақаҳои мӯътадилро бо хатҳои сабз, минтақаҳои қутбиро бо хатҳои бунафш (ё кабуд) ранг кунед. Номи минтақаҳоро нависед. Маҳали шумо дар кадом минтақа воқеъ аст?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zamin

КОМПЛЕКСҲОИ ТАБИИИ МАҲАЛ ВА ОНҲОРО ТАҒЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексҳои табий дар натиҷаи робита ва таъсири мутақобилаи ҷинсҳои кӯҳй, ҳаво, об, …