Главная / Без рубрики / МАСОҲАТИ ХАРИТАҲО ВА НАҚШАҲОИ ТОПОГРАФӢ

МАСОҲАТИ ХАРИТАҲО ВА НАҚШАҲОИ ТОПОГРАФӢ

Миқёс ва намуцҳои он – Аломатҳои шартй

Миқёс ҳангоми ба харитаҳои ҷуғрофй ва нақшаҳо топографӣ дохил кардани объектҳои гуногун ҷуғрофй истифода мешавад.

Ҳаҷми объектҳои ҷуғрофии Заминро дар коғаз ҷой додан имконнопазир аст, аз ин ҷиҳат барои ин объектҳо миқёс истифода мешавад.

Миқёс (масштаб) – андозаи нисбии акс дар коғаз нисбат ба андозаи объекта ҷуғрофии инъикосшуда мебошад.

Миқёсро ба се намуд ҷудо мекунад: рақамй, хаттй ва номгузоришуда (рас. 15)

1. 250        0        250       500        750 1000     1250
Н Н Н                 1——–   1— ——- 1 1
хаттй
2. 1 : 25 000 000 – р а к а м й
3. 1 см – 250 км-номгузоришуда

Миқёс – ин нисбияти дарозии хат дар харита, нақша ва ғ. ба дарозии ҳақиқии дар маҳал буда мебошад.

Миқёси хаттй – ин намуди графикии миқёс мебошад. В ай хатест, ки ба андозаҳои лозимй ба графаҳо ҷудо шудааст..

Масалан, агар миқёси нақша ё харитаи топографй ба 1 :1 000 баробар бошад, пас дар 1 см 10 м ҷой дода шудааст.

Миқёси рақамй шакли дробро дорад. Вай бештар дар картография серистифода аст. Чунин миқёсгузориро мо бештар дар зери харитаи топографй ё нақшаи маҳал дидаем.

Миқёси номгузоришуда замоне истифода мешавад, ки донистани миқёси харита ба чанд баробар аст зарур шавад. Онро ҳам дар харитаҳои чугрофй бисёр истифода мекунанд. Вай чунин шаклро дорад: дар 1 см – 1 км.

Миқёс чун яке аз аломатҳо барои таснифи харитаҳои чуғрофй амал мекунад. Вобаста ба он харитаҳо ба ду гурӯҳ чудо мешаванд:

а)   хурдмиқёс (миқёси то 1:1 000 000);

б)   миёнамиқёс (аз 1:1 000 000 до 1:200 ООО);

в)   бузургмиқёс (аз 1:200 ООО ва бештар, харитаҳои топографй).

Харитаҳои физикии нимкурравй ба хурдмиқёс дохил мешавад. Онҳо асосан бо миқёси 1:22 000 000 сохта мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки дар 1 см дар харита 220 км сатҳи замин ҷой дода шудааст. Нақша?;ое,ки дақиқан мутобиқ бо миқёс тартиб дода мешаванд ,ба иштибод камтар ро$ дода ва барои истифодаи умум кулай аст.

Барои бо харитаи топографй кор кардан онро хонда тавонистан лозим аст. Аз ин рӯ, дар харитаи топографй объектҳои сатҳи замин бо аломатҳои шартии махсуси қабул шуда инъикос меёбанд. Ранги аломатҳои шартй дар мутобиқат бо ранги табии объектҳои чугрофй дода мешавад. Масалан, ҷангал – сабз, рӯд, кӯл, ботлоқ – кабуд, бино – сиёҳ ва ғ. (ҷадвали 3). Ҳамин тавр, аломатҳои шартй барои ёфтани объектҳои чугрофй кӯмак мекунанд.

Савол ва супоришҳо

  1. Миқёси рақамиро ба номгузоришуда табдил кунед.

1 : 250 000

1 : 1 000 000

1 : 1000

1 : 50

  1. Миқёси номгузоришударо ба миқёси рақамй табдил диҳед.

1 см – 100 м

1 см – 1 км

1 см – 25 км

1 см – 350 км

гЛ Кори амалии № 2

  1. Сохтани нақшаи мактаб ва маҳалли худ (бо аломатҳои шартй), бо истифода аз ак- сгирии назардид, қутбӣ ва маршрута.
  2. Аломатҳои шартии дар зер овардаро истифода карда, нақшаи маҳалли худро бисо- зед (ҷадвали 3).

 

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …