МАСҶИД

Масчид чист?

Масчид – ҷои муқаддасе аст барои ибодати Худованд. Калимаи «масҷид» дар забони арабӣ маънои ҷОИ саҷдаро дорад. Инчунин бо забони арабӣ масҷидро «Маъбад» меноманд, яъне ҷое, ки дар он ибодату бандагӣ мекунанд.

islam_sultanahmet_camii_00

Мувофиқи дастури дини Ислом барои намозхонӣ, дуо ё дигар ибодатҳо ҷОИ махсус шарт нест. Дар ҳама 40 ибодат кардан мумкин аст. Аммо дар баробари ин масҷидҳо бо манораҳои баланди худ далолат ба ин мекунанд, ки дар он Ҷ0 мусулмонон зиндагй мекунанд. Савоби намози ҷамоат аз савоби намози танҳохон чандин маротиба бештар аст.

Масҷидҳо ҷойҳои муқаддасеанд, ки дар онҳо мусулмонон панҷ вақт намозро бо ҷамоат адо мекунанд ва рӯзи ҷумъа намози ҷумъаро якҷоя мехонанд.

Кадом хона пеш аз ҳама барои ибодати Худо сохта шудааст?

Дар Қуръон гуфта шудааст, ки аввалин хонае, ки барои ибодати Худованд сохта шуд, ин Каъба мебошад. Каъбаро ҳазрати Одам (а) сохтааст. Баъди гузаштани замоне ҳазрати Иброҳим ва Исмоил (а) Каъбаро аз нав сохтанд. Дуввумин масҷид дар рӯи замин Масҷид-улақсо аст, ки аз тарафи Сулаймон (а) дар Ирусалим сохта шуда буд.

Оё Пайғамбари МО (с) масҷид сохта буд? 

Замоне ки Пайғамбари Худо (с) дар Макка зиндагй мекард, ибодатҳояшро дар Каъба анҷом медод. Вақте ки мусулмонон аз ҷониби мушрикон зери фишор буданд, Ӯ Исломро ба саҳобагонаш дар хонае бо номи «Дору- Л-Арам» меомӯзонд. Дар он давра Абубакр ва дигар саҳобаҳо хонаҳои худро масҷид намуда буданд.

Ҳангоми ҳиҷрат ба Мадина Пайғамбар (с) дар як маконе бо номи Қубо истода фармуд, ки дар он Ҷ0 масҷид созанд. Дар давоми якчанд рӯз масҷиди хурди бе бом сохта шуд.

Баъди ба Мадина расидан, Пайғамбар (с) заминеро харида дар он масҷиде бо номи «Масҷиду-н-Набй» (Масҷиди Пайғамбар) сохт. Пайғамбари гиромй (с) худаш дар сохтумони ин масҷид иштирок намуда, дар китфони мубораки худ санг мебурд. Ин масҷид чандин бор аз нав таъмир гашта ва масоҳати он васеъ шудааст ва ҲОЛО низ дар Мадинаи Мунаввара вуҷуд дорад.

Масҷидҳо чи аҳамияте доранд?

Мавҷудияти масҷид дар куҷое, ки набошад аз мавҷудияти мусулмонон дар он Ҷ0 шаҳодат медиҳад. Масҷид ҷоест, ки танҳо барои Худо бахшида шудааст. Одамон дар МЭСҶИДҲо оромиш пайдо карда бо итминони хотир ибодати Худоро ба Ҷ0 меоранд, дониш меомӯзанд, сӯҳбат мекунанд. Ҳеҷ кас соҳиби масҷид буда наметавонад. Касе, ки масҷидро барои истифодаи худ тасарруф мекунад ва боиси қатъ шудани намозхонии мардум мешавад, гуноҳи бузурги ба худ мегирад ва ситамгари бузург ба ҳисоб меравад. Масҷидҳо нишонаи яккахудой ва намояндагони Каъба дар рӯи замин мебошанд. Бинобар ин, дар ҷое, ки мусулмонон зиндагй мекунанд, онҳо дар он Ҷ0 МЭСҶИДҲ0И бузургу хурд ва зебо месозанд.

Ба ғайр аз намозхонӣ масҷид боз барои чӣ лозим аст?

Масҷид танҳо ҷои намозхонй нест. Дар давоми таърих онҳо марказҳои тамаддун буданд. Дар аввалин масҷид – Масҷиду-н-Набй, ки дар замони Пайғамбар (с) сохта шуда буд, мактабе бо номи «Суффа» кушода шуда буд, ки маркази таълимоти динй ба ҳисоб мерафт. Муаллими он худи Пайғамбарс (с) буд. Масҷиди Пайғамбар (с) марказе буд, ки дар он мусулмонон ҷамъ шуда намоз мехонданд, Қуръон мехонданд, Ислом меомӯхтанд, саволҳои гуногунро муҳокима менамуданд, намояндагони давлатҳои хориҷиро қабул мекарданд, давлатро идора мекардад. Дар оянда мусулмонон дар назди масҷид Мадраса (мактаб ва Д0НИШГ0ҲҲ0), хобгоҳ барои бенавоён, китобхона, беморхона ва ҳаммом сохтанд. Масҷидҳо маркази таълимот, инкишофи илму маданият ва донишомӯзй гаштанд.

Дар масҷид кадом шахсони масъул ҳастанд?

Имом: Калимаи «имом» ба маънои «пешво, роҳбари давлат» буда, шахсеро меноманд, ки ба намоз роҳбарӣ мекунад ва роҳбари чамоати мусулмонон оиди масъалаҳои динй мебошанд. Имоми масҷид на танҳо ба намоз роҳбарӣ мекунад, балки бо донишу ахлоқи худ барои дигарон бояд намунаи ибрат бошад ва барои таълими руҳӣ ва ахлоқии чамъият чавобгу бошад.

Муаззин: Шахсест, ки ҳангоми фаро расидани вақти намоз азон мегӯяд ва дигар вазифаҳоро низ иҷро мекунад.

Воиз: Шахсе, ки дар намозҳои ҷумъа, ид ва рӯзҳои муайяни ҳафта пеш ё баъд аз намоз ба одамон муроҷиат намуда ба онҳо амри маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад. Инчунин ба одамон таълимоти динро меомӯзонад, сӯҳбат мекунад, дар курсии масҷид нишаста ба саволҳои мардум ҷавобҳои лозимй медиҳад. Воизон дар тарбияи чамъият нақши муҳим доранд.

Қаюм: Ин вазифа танҳо дар масчидҳои калон мебошад. Ин шахе ба тозагй ва тартиботи масчид ҷавобгӯаст.

Ҷойҳои махсуси масчид кадоманд?

Меҳроб: чоест, ки имом ҳангоми намози чамоат истода намоз мехонад.

Минбар: чое баландест, ки аз он ч٥ дар намозҳои чумъа ва ид хутба мехонанд.

Дар ҳолати рӯй ба Қибла истодан, минбар аз тарафи рости меҳроб аст.

Курсй: чоест, ки аз он ч٥ имоми масчид ё воиз бо чамоат сӯҳбат мекунанд. Маҳфили муаззин: чоест, ки муаззин иқомат мегӯяд ва намоз мехонад. Маҳфили муаззин одатан дар масчидҳои аз ҳама калонтарин буда метавонад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …