Главная / Илм / МАСХКУНАКИ ЭЛЕКТРи

МАСХКУНАКИ ЭЛЕКТРи

elektrМАСХКУНАКИ ЭЛЕКТРи, як навъ асбоб барои масх кардани бадан. Асбоби масхкунии ВМП-1 вибратори электромагнити дорад. Масхро мулхакахои махсус ба чо меоранд, ки онхо ба тири вибратор насб шудаанд. Асбоб барои танзими шиддати вибратсия танзимгарак низ дорад. ВМП-1 аз чараёни электрии 127 ё 220 В кор мекунад.
Масхкунаки электрии ВМП-1 бо 5 хел мулхака таъмин шудааст. Мулхакахои мулоими резини (зангулашакли чаббанда, дандонадор ва исфанчи)-ро барои масхи сатхи, мулхакахои сахт (нимдоира ва саккочамонанд)-ро барои масхи амик ё сахт-сахт молидани чои масхшаванда истифода мебаранд.
Масх тавассути ВМП-1 гардиши хуну лимфа ва чараёни боздориро дар кишри магзи сар тезонда, рагхои хунро васеъ мекунад, гизогирии пустро бехтар гардонда, чандири ва кобилияти кории мушакхоро меафзояд ва г. Масхкунаки электриро факат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим. Истифодаи он барои шахсони гирифтори беморихои дилу раг, кубо, амрози римнок, хунрави ва г. манъ аст. Хангоми масх ба аъзои бадан крем ё дигар моддахо молидан чоиз мешавад. Гайр аз ин, мулхакаро ба бадан сахт фишурдан мумкин нест. Асбобро ба кор андохта, дархол иктидори онро баланд кардан норавост. Баъди хар 20 дак. масхкунакро 15 – 20 дак. аз кор бозмедоранд, то ки асбоб аз хад зиёд натафсад.
Мулхакахоро бо собунобаи ширгарм шуста, хар сари чанд вакт бо спирти обдор пок мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …