Главная / Биология / МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ

МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон борл аввал 25 ноябри соли 1959 «Қонуни муҳофизати табиати Тоҷикистон» қабул карда шуда буд. «Мақсади он пурзӯр намудани муҳофизати табиат ва ба расмият даровардани тартиботи самаранок истифодабарии хок, об, наботот, ҳайвонот, боигариҳои қабати замин дар ҳаряк дараю водӣ» мебошад. Ин қонун ба худсарона муносибат кардани одамои ва ташкилотҳо нисбат ба ҳамагуна боигариҳои табиат роҳ намедиҳад.

shikor

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи шикори ҳайвонот шиз ба танзим дароварда шудааст. Масалан, мувофиқи қонуни 31.12.1975 қабулшуда шахсони берун аз худуди ҷумҳурӣ омада танхо бо иҷозати махсуси Вазорати ҳифзи табиат ва Ҷамъияти ҷумҳуриявии шикорчиён ба ягон чойи аниқ кардашуда рухсат дода шуда, аз паси он боз назорат бурда мешавад. Бс ҳуҷҷат ҳеч кас ба шикор ҳак надорад. Яроқҳои шикориро бе хуҷҷат гирифта гаштан мумкин нест ва ғайр аз ин яроқҳои шикорӣ ҳангоми сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба шахсони масъул супорида мешавад.

Воситаҳои ишкорӣ: чангак ва тӯри моҳигирӣ, қапкон. милтиқи шикорӣ, корди махсус, уқобу саги шикорӣ дар ҷуҷҷат бояд қайд карда шуда бошанд. Шикорчиён аксаран ҳангоми рафтан будани рӯз шикор карданашон мумкин аст, аммо ба шикори шабона фақат шикори хуки ваҳшӣ, гургу рӯбоҳ, ҷайра иҷозат дода мешавад, ки дар он ҷо ба кишоварзӣ зарар мерасонанд.

Дар дохили маҳалҳои аҳолинишин, боғҳои истироҳатӣ, мамнӯъгоҳу гӯруқҳхо бе рухсати назоратчии махсус шикор кардан мумкин нест.

Касоне, ки бо шикори давлагӣ машғуланд, маҳсули шикорашонро бояд ба ҷойи таъиншуда бурда, ҳуччаташонро нишон дода супоранд. Агар ҳуҷҷат надошта бошанд, махсулотапюнро бепул кабул карда, акт тартиб медиҳанд ва нусхаи онро ба ҷойи корашон барои муҳокима мефиристонанд.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …