Главная / Биология / МАМНӮЪГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ

МАМНӮЪГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ

Тараққиёти саноат, шаҳрсозӣ, васеъшавии майдонҳои кишоварзӣ, инчунин афзоиши аҳолӣ дар он ҷое, ки олами набототу ҳайвонот ба инсон дастрас аст, вайрон нашудааст. Хеле муҳим acт, ки дар чунин ҷойҳо мамнӯнгоҳ ё ин ки фармоишгоҳҳо ва боғҳои миллӣ ташкил карда шаванд.

Тоҷикистон, ки масоҳаташ 143 ҳазор км мурраба мебошад, алҳол 3 мамнӯъгоҳ ва 4 тӯруқ дорад. Мамнӯьгоҳи «Бешаи палангон» дар ҷанубтар ҷойи якҷояшавии дарсҳои Панҷу Вахш ва мамнӯъгоҳи «Ромит» дар қаторкӯҳи Хисор ҷойгир буда, мамнӯъгоҳи «Сарихосор» (с. 1988) ташкил ёфта, 0.6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро ишғол мекунанд. Ин мамнӯъгоҳҳо дар муҳофизати  мавзеъҳои табиӣ мавқеи калон доранл. Дар ин ҷойҳо нигоҳ доштани генофонди табий ва Намудҳои нодири ҳайвонот аҳамияти калон дорад.

gulhoi-kuhi

Мамнунгоҳ, боғҳои миллӣ ва ёдгориҳои табиӣ ҳамчун шакли давлатии муҳофизати табиат, биостансия, базаи илмию тадқиқотӣ ва маданию равшаннамоӣ, дараҷаи олии муҳофизати и табиат ба шумор мераванд. Аз рӯйи нишондоди Г.А. Кожевников (1908) маҳфузгоҳ эталони табиӣ буда, дар он ҷо ҳама гуна тағйиротхо дар раванди табиӣ, бефаъолияги инсон амал мекунанд. Мувофиқи нишондоди В.В. Докучаев, ҳар як минтақа ба худ эталони махсус дорад ва омӯхтани он барои пешрафти соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар ташкил ва дуруст ба роҳ мондани кори мамнӯъгоҳҳо дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати олимон П.Г. Смидович (1874-1935) ва В.Н. Макаров (1887-1959) калон аст. Аз рӯйи маълумотҳои К.П. Митюшкин, соли 1979 дар собиқ Иттнҳоди Шӯравй 126 мамнӯъгоҳ буд, ки масоҳати умумии онҳо ба 9,9 млн. бa расида, он 0.46 фоизи масоҳати умумиро ташкил медод.

Дар худуди мамиӯъгоҳҳо сохтмони ягон хел корхонаҳои саноатӣ, хоҷагӣ, кофтани қабатҳои замин,0 буридани дарахту бутта, алафдаравӣ, шикор, ҷамъоварии гиёҳҳои доруворӣ чаронидани чорво, истифодаи ҳаргуна заҳрхимикатҳо, акклимапватсияи ҳайвоноту растаниҳо ва туризму истироҳат мумкин нест.

Солҳои охир дар давлатҳои тараққикарда ба ғайр аз боғҳои истироҳатии дохили шаҳр боз боғҳои миллӣ ташкил шуданд, ки шакли кушоди мамнӯъгоҳҳо сайргоҳи мардуманд. Бо ин мақсад солҳои 2000-2002 дараёҳои Варзобу Ромит ҳам ба ҷойҳои истирохатию сайёҳӣ табдил дода шуданд. Рӯзе мерасад, ки дар атрофи дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ чунин боғҳои миллӣ-маданӣ ташкил карда мешаванд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …