Главная / Гуногун / Мактуб ба кумитаи Андоз(Намуна)

Мактуб ба кумитаи Андоз(Намуна)

Мактуб ба кумитаи Андоз тариқи электронӣ ба суроғаи info@andoz.tj ирсол карда мешавад ва ҷавобашро аз Шуъбаи умумии онҳо аз суроғаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 42/2 гирифта мешавд. 

БА КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  МУҲТАРАМ ДАВЛАТЗОДА Н.

duxtar

Муҳтарам Нусратулло Давлатзода, 

Роҳбарияти ҶДММ «Рафоат» бо арзи эҳтиром ба Шумо барои фаъолияти пурмасъули соҳавиатон миннатдории хешро баён намуда, бо муроҷити мазкур дар ҳалии масъали зер, чунин хоҳиш менамояд.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ҳангоми азназаргузаронии санадҳои муқоисавии ҳисобварақаи андоз муайян карда шуд, ки аз ҷониби Шуъбаи Андозсупорандагони миёнаи Кумитаи Андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби нодуруст ворид намудани Рақами Мушаххаси Андозсупорандаи НБО Роғун нисбати ҶДММ «Рафоат» маблағҳои насупоридаи Андоз аз арзиши иловашуда дар ҳаҷми 105 (яксаду панҷ) сомонӣ,  ҳамчун маблағи насупоридашуда сабт намудаанд.

Бар иловаи ин дивидентҳо дар ҳаҷми 380 (се ҳаштод) сомонӣ  ва фоизҳо дар ҳаҷми 25 (бисту панҷ) сомонӣ бо сабаби  номуайян дар барномаи электронии кумита нисбати Бонк сабт шудаанд, ки низ заминаи асоснок надоранд.

Барои дастгириатон, арзи сипоси худро қабалан баён намуда аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати ислоҳи ин ҳолат мусоидат намоед.

Замима: 1 варақ.

Бо эҳтиром,

Раиси                                                                З. О. Рафоат

 

 

Иҷрокунанда: Лола Риёзӣ

Тел: 600-00-99999

E-mail: admin@rafoat.tj

 

 

БА САРДОРИ ШУЪБАИ НОЗИРОТИ АНДОЗИ

АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ  

КАЛОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ САНГАКОВ Д. С.

 

Муҳтарам Диловар Саймуродович, 

Бинобар сабаби пешниҳод гардидани Ҳисобот дар бораи натиҷаи барориш ва пахнкунии  қоғазҳои қимматнок ва тавозун ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тавозуни ҶСП «Систон-1950», ба санаи 30.06.2018 тасдиқ намоед.

 

 бо эҳтиром,

Директор                                                           Шалабанов С.

 

 

 

 БА НОЗИРОТИ АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ

КАЛОНИ КУМИТАИ АНДОЗИ НАЗДИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ҶДММ «Яхмоси Мурғоб» тибқи мактуби Нозироти андозсупорандагони калони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами 359/366/АУ/05 аз 9-уми марти соли 2018 маълумотҳои дахлдорро омода карда ба унвонии шумо ирсол менамояд, ки ҷумлаи онҳо:

  1. феҳрасти гардишӣ-бақиявӣ – дар ҳаҷми 23 саҳифа;
  2. нусхаи намунавии шартномаи қарзӣ – дар ҳачмӣ 4-саҳифа;
  3. ҳисобот оиди тасҳеҳи андоз – дар ҳаҷми 2 саҳифа;
  4. шарҳи ҳисобҳои тавозунии 42894 ва 57595 – дар ҳаҷми 26 саҳифа;

Бояд қайд кард, ки бонк амалиётҳои асъориро бо бонкҳои хориҷӣ амалӣ наменамояд ва аз ин хотир вобаста ба ин самт маълумот вуҷуд нест. Инчунин бо назардошти ҶДММ «Яхмоси Мурғоб» ташкилоти ҷавон буда захираҳое, ки санаи ташаккулдодаашон зиёда аз 2-сол аст дар тавозуни корхона вуҷуд надорад.

Робита ба шарҳи хароҷотҳо гуфт, ки ин намуди хароҷот танҳо нисбати резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуқ дорад, ки маблағаш дар соли 2011-ум ба 255 сомонӣ ва дар мавриди ҷойгиркунӣ аз ташкилотҳои ватанӣ дар ҳаҷми 98 сомонӣ баробар аст.

Замима дар 254-саҳифа.

Бо эҳтиром,

Раиси                                                                                  Нуронӣ К.

 

 

БА ШУЪБАИ НОЗИРОТИ АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ

КАЛОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Роҳбарияти ШИФОИ КОМИЛ бо арзи эҳтироми бепоён ҷиҳати ҳалли масъалаи бамиёномада чунин муроҷиат менамояд.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки бо мақсади васеъ намудани ҷойи корӣ ва ба ин васила бештар хизматрасонӣ намудан масъалаи кӯчонидани   Саридораи корхона аз суроғаи ш. Душанбе, кучаи Исмоилзода, 32 (н. Шоҳмансур) ба суроғаи ш. Душанбе, кучаи Равониён, 87 (н. И. Сомонӣ) дар марҳилаи чораҷуӣ қарор дорад.

Барои дастгириатон, арзи сипоси худро қаблан баён намуда бо назардошти гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати дастрас намудани ҷавоби расмӣ дар мавриди зид набудан оиди иваз намудани макони ҷойгиршавии Саридораи ҶДММ «Шифои Комил», мусоидат намоед.

Замима: Шартномаи иҷора дар ___ саҳифа.

 

Бо эҳтиром,

Раис

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …