Главная / Илм / МАКТАБ – САНАТОРИЯ

МАКТАБ – САНАТОРИЯ

sanatoriyaМАКТАБ – САНАТОРИЯ, муассисаест барои таҳсил ва солим гардондани кӯдакони мактабтабхон, ки гирифтори ягон беморианд. Чанд навъи М. – С. барои кӯдакони гирифтри шаклҳои ноаёни сил, касалиҳои дилу раг, баъзе бемориҳои музмини узвҳои нафас, ҳозима, амрози асаб ва рӯҳӣ мавҷуд аст. Ба М. – С. кӯдакони синнашон аз 7 то 14-сола, ки дар назорати доимии духтурони дармонгоҳ ва бачагонаанд, қабул карда мешаванд. Кӯдаконро ба М. – С. комиссияи махсуси дармонгоҳҳои бачагон равона мекунад. Ба ҳайати комиссия намояндагони идораҳои маориф, директорон ва духтурони М. – С. дохил мешаванд. Мӯҳлати таҳсил ва табобати бачагон дар М. – С. 4 моҳ буда, онҳо баъди ба хона баргаштан, таҳсилашонро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ давом медиҳанд. Вазифаи асосии М. – С. дар як вақт ҳам ба таҳсил ва ҳам ба табобат бо истифода аз омилҳои табиӣ – ҳавои тоза, нури офтоб, об, ҳамчунин хӯроки серғизо фаро гирифтани кӯдакони бемор аст. М. – С. берун аз шаҳр дар ҷои сердарахти иқлимаш мусоид сохта мешавад. Таълиму тарбияро аз рӯи барномаи макотиби таҳсилоти умумӣ ба роҳ мемонанд. Дар тартиби рӯз тақсими дурусти вақт барои дарс, истироҳат, варзиши ҷисмонӣ, машқҳои спортӣ ва машқҳое, ки малакаҳои меҳнатиро инкишоф медиҳанд, пешибнӣ шудаанд. Рӯзона ва шабона дар ҳавои тозаи айвон хоб рафтан барои саломатӣ аҳамияти калон дорад. Ҳудуди М. – С. ба қисматҳои таълимӣ, табобатию солимгардонӣ, спортӣ ва хоҷагӣ ҷудо мешавад. Қисми табобатию солимгардонӣ ва тарбияи ҷисмонӣ аз толори варзиш (барои машқҳои гимнастикӣ), кабинетҳои методӣ ва табобатӣ, кабинети духтур, хонаи муолиҷавӣ, майдончаҳои спортӣ ва ғ. иборат аст. Хонаи хоб, одатан, барои 6 наф. пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, айвон барои хоби шабона ва рӯзона, майдончаҳо барои қабули ваннаҳои ҳавоӣ ё душ мавҷуданд. Дар М. – С. рӯзе 4 – 5 маротиба хӯрок медиҳанд. Ба мактаб директор (бояд маълумоти педагогӣ дошта бошад) роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайати М. – С. ғайр аз омӯзгорон духтур, ҳамшираи тиббӣ низ дохил мешавад. Тамоми корҳои таълиму тарбия бо иштироки бевоситаи духтур ва ҳамшираи тиббӣ мегузаранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …