Главная / Илм / МАКТАБ – САНАТОРИЯ

МАКТАБ – САНАТОРИЯ

sanatoriyaМАКТАБ – САНАТОРИЯ, муассисаест барои тахсил ва солим гардондани кудакони мактабтабхон, ки гирифтори ягон беморианд. Чанд навъи М. – С. барои кудакони гирифтри шаклхои ноаёни сил, касалихои дилу раг, баъзе беморихои музмини узвхои нафас, хозима, амрози асаб ва рухи мавчуд аст. Ба М. – С. кудакони синнашон аз 7 то 14-сола, ки дар назорати доимии духтурони дармонгох ва бачагонаанд, кабул карда мешаванд. Кудаконро ба М. – С. комиссияи махсуси дармонгоххои бачагон равона мекунад. Ба хайати комиссия намояндагони идорахои маориф, директорон ва духтурони М. – С. дохил мешаванд. Мухлати тахсил ва табобати бачагон дар М. – С. 4 мох буда, онхо баъди ба хона баргаштан, тахсилашонро дар мактаби тахсилоти миёнаи умуми давом медиханд. Вазифаи асосии М. – С. дар як вакт хам ба тахсил ва хам ба табобат бо истифода аз омилхои табии – хавои тоза, нури офтоб, об, хамчунин хуроки сергизо фаро гирифтани кудакони бемор аст. М. – С. берун аз шахр дар чои сердарахти иклимаш мусоид сохта мешавад. Таълиму тарбияро аз руи барномаи макотиби тахсилоти умуми ба рох мемонанд. Дар тартиби руз таксими дурусти вакт барои дарс, истирохат, варзиши чисмони, машкхои спорти ва машкхое, ки малакахои мехнатиро инкишоф медиханд, пешибни шудаанд. Рузона ва шабона дар хавои тозаи айвон хоб рафтан барои саломати ахамияти калон дорад. Худуди М. – С. ба кисматхои таълими, табобатию солимгардони, спорти ва хочаги чудо мешавад. Кисми табобатию солимгардони ва тарбияи чисмони аз толори варзиш (барои машкхои гимнастики), кабинетхои методи ва табобати, кабинети духтур, хонаи муоличави, майдончахои спорти ва г. иборат аст. Хонаи хоб, одатан, барои 6 наф. пешбини шудааст. Гайр аз ин, айвон барои хоби шабона ва рузона, майдончахо барои кабули ваннахои хавои ё душ мавчуданд. Дар М. – С. рузе 4 – 5 маротиба хурок медиханд. Ба мактаб директор (бояд маълумоти педагоги дошта бошад) рохбари мекунад. Ба хайати М. – С. гайр аз омузгорон духтур, хамшираи тибби низ дохил мешавад. Тамоми корхои таълиму тарбия бо иштироки бевоситаи духтур ва хамшираи тибби мегузаранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …