Амалҳои зерин намозро макруҳ менамояд:
- Дар вақти намоз безарурият ба тан ва либосҳо даст бурдан:
- Намоз гузоштан дар ҳолати наздик будан ба шикастани таҳорат.
- Ҳангоми намози бо ҷамоат танҳо хондани намоз, дар ҳолате, ки дар сафҳо ҷои Х0ЛӢ мавҷуд аст.
- Нагузоштани сутура, агар ҳангоми гузоштани намоз аз пеши намозхон эҳтимолияти гузаштани ҷондори зинда бошад:
- Нахондани тасбих ҳангоми рукуъ ва саҷда ё инки кам аз се маротиба хондан.
- Дар ракъати дуввум хондани сура ё ояте, ки аз рӯи ҷойгиршавӣ дар Қуръон аз сурае, ки дар ракъати аввал хонда шудааст, пеш аст. Масалан, дар ракати аввал сураи “Ихлос”-ро хонда, дар ракъати дуввум сураи “Кавсар”-ро хондани Ҷ0из нест.
- Ҳангоми намоз ба чизе такя намудан.
- Дар вақти хондани намоз ба рӯи каси дигар НИГ0Ҳ кардан.
- Дар вақти саҷда танҳо пешониро ба замин расонидан.
- Ҳангоми саҷда ба ҷои зонуҳо аввал дастҳоро ба замин расонидан.