Главная / Илм / МАЙДОНИ МАГНИТи

МАЙДОНИ МАГНИТи

magnitМАЙДОНИ МАГНИТи, майдони куввагиест, ки ба зарядхои электрии мутахаррик ва чисмхои дорои моменти магнити новобаста ба холати харакати онхо таъсир мекунад. Нокили чараёндор, чисмхои зарядноки мутахаррик ё магнитнок кардашуда манбаъхои М. м. мебошанд. Дар хама маврид сабаби умумии пайдоиши М. м. харакати зарядхои электри аст. М. м. ба хамаи объектхои биологие, ки дар он карор доранд, таъсир мерасонад. Таъсири М. м. ба рушду инкишофи микроорганзимхо, наботот ва хайвонот низ мукаррар шудааст. Бисёр системахои организмхои олиташаккул ба дарки М. м. кодир мебошанд. Ба таъсири он хусусан системахои асаб, усораи дохили (эндокрини), дилу рагхо ва хунофар хассосияти бештар зохир менамоянд.
М. м. метавонад таъсироти бедардгардони ва зиддиилтихоби дошта бошад. Истифодаи он бахри муолича низ махз ба хамин хусусият вобаста аст (ниг. Магнитотерапия). Хосияти магнити доштани бофтахои биологии гуногун барои ихтироъи асбобхои махсус, ки дар амалияи клиники истифода мешаванд, мусоидат кард. М. м.-ро дар ташхиси ночурихои дил низ кор мефармоянд (мас., магнитокардиография).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …